Бахшида ба 107 -умин солгарди Ороми Понғозӣ (Исомиддин Шарофиддинов) бо ибтикори омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Мавлавии Румии деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз маҳфили адабӣ бо иштироки шоирону адибон ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур фарзанди хурдии Ороми Понғозӣ Тоҳирҷон Шарофиддинов сухан гуфт ва ба дастандаркорони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Мушовири шуъбаи маориф Рустами Ато зимни баромади хеш иброз дошт: » Исомиддин, ки пас аз гузашти солҳо худро бо тахаллуси «Ором», (Ороми Понғозӣ) муаррифӣ кард, дар ҳамин деҳа ба дунё омад ва тарбият гирифт».
Дар рафти чорабинӣ шоир Шодибек Дадоматов ва сарвари маҳфили адабии «Ворисони Маъдан» Зафар Аҳмад аз ашъории худ ва шоир Исомиддин Шарофиддинов шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир аз тарафи муҳассилини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 барномаи фарҳангӣ ва саҳнаҳо аз ҳаёти шоир манзури тамошобинон гардид.