336 боздид

МИЛОД МУБОРАК, ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шукӯҳи идона танинандоз аст, зеро ду ҷашнвораи бузурги таърихӣ-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи мавлуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи олӣ истиқбол гирифта мешавад. Дар майдони сиёсии ҷомеъаи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллатро ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадманд, закиву борикбин, саховатпешаву кордон, ҷасуру хушгуфтор пазируфтанд.

Мактаби мардонагӣ ва сулҳоварии Пешавои муаззами миллатро тамоми аҳли олам қадр менамоянд ва пайкорашонро намунаи ибрат медонанд.

Пешвои муаззами миллат борҳо бо медалу орденҳо дар чорабиниҳои сатҳи олии сарони давлатҳо ва ҳамоишҳои байнанмилалӣ қадрдонӣ гардиданд, ки тақвияти гуфтаҳои болост.

Санаи 04.10.2022 бо фармони Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми калон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Федератсяи Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени “Барои хизматҳои шоиста дар назди Ватан ” сарфароз гардонида шуд, ки барои ҳар як шахси меҳандӯсту меҳанпараст боиси ифтихор аст.

Пешвои муаззами миллат!

Шуморо аз номи сокинони шарафманди ноҳияи Ашт ба ҳафтодумин баҳори хуршедрези умри баркамолатон самимона муборакбодиҳо намуда, садоқату саодати ҳаётро дар зиндагиятон таманно менамоем ва бошад, ки яздони пок ба бахти тоҷикону Тоҷикистони офтобӣ бароятон умри ҳазору сиҳатии комил ато фармояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.