АШТ: Рӯзи кормандони милитсия таҷлил гардид.

 460 боздид

09.11.2022

Субҳи имрӯз дар таҷлили “Рӯзи милитсияи тоҷик”  Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода барои таҳният намудани ҳайати шахсии кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ба бинои шуъба ташриф овард.

Дар даромадгоҳ роҳбари ноҳияро бо ҳамроҳии сохторҳои қудратӣ сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани  “Рӯзи милитсияи тоҷик” ҳайати шахсӣ сафи идона оростанд. Шӯҳрат Муҳаммадзода бо кормандони мақомоти милитсия суҳбати самимӣ анҷом дода, зикр намуд, ки:

“Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи кормандони милитсия аз эътимоди комил ва таваҷҷӯҳи волои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат далолат медиҳад. Милитсияи тоҷик собит намуд, ки дар радифи дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои устувори эъмори давлатдорӣ  ва оромии мардуми шарифи Тоҷикистон сипари асил аст.”

Таҷлил дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов” бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия идома ёфта,  ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, иштирокчиёни барқароркунии сохти Констутсионӣ, оилаҳои кормандони мақомотҳои корҳои дохилае, ки дар поси ватан ҷон бохтанд, ходимони тиб ва маориф, собиқадорони мақомоти милитсия, намояндагони расонаҳои хабарии маҳаллӣ  ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатӣ дароварда, Суруди миллӣ садо дод.

Дар идома, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро бо ҷашни касбӣ — Рӯзи кормандони милитсия табрик намуд:

—Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд:

“Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти онҳо аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.”

Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи аввалинҳо бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад.

Падидаҳои нави ҷинояткорӣ дар ҷомеа, аз қабили терроризм, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонид.

Маҳз, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти мунтазами онҳо бо  дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суботи кишвар комилан таъмин гардид.

Бояд гуфт, ки мақомоти милитсия дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри 20 вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи  комили сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. Инак, 105 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик дар тамоми манотиқи кишвар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Сипас, ба як қатор кормандон мақомоти корҳои дохилӣ, пешқадамони соҳа дар вазъи тантанавӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва нишони сарисинагии ҷашнӣ  супорида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ ва баромади гурӯҳи рақсҳои ҳунарӣ фазои идонаро дучанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси
ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.