АШТ: ИДИ САДА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.

 551 боздид

27.01.2023                                                                        Санаи 27 январи соли равон дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, Иди Сада дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Дар таҷлили Иди Сада Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуда, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.

Чорабинӣ бо садои карнаю сурнай, рамзи Сада афрӯхтани оташ ва сурудҳои фолклорӣ дар мавзӯи “Ҷашни Сада” оғоз карда шуд. Дар таҷлил ҳунармандони нуҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва аҳли маорифчиён маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Инчунин маҳсулотҳои беҳтарини кишоварзӣ намоиш дода шуд. Роҳбари ноҳия ва иштирокдорон аз маҳсулотҳо дидан намуда, барои ташкил ва ороиш баҳои баланд доданд.

Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, зикр кард:

“Хони фаровони мардум пеш аз ҳама аз сиёсати одилонаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо хизматҳои шоёни ин абармарди сиёсат дар фазои Тоҷикистон тинҷиву оромӣ танинандоз аст.

Ба ин хотир моро зарур аст, ки хизматҳои шоистаи Пешвои миллат шукрона намуда, барои ободию фаровонии хони мардум кӯшиш намоем.”

Хадамоти матбуоти  Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.