АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯ

 49 боздид
25.05.2024
Имрӯз бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи федератсияи футболи вилояти Суғд Насимҷон Мансуров, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, собиқадорон ва тамоми варзишгарони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода қайд намуд, ки 25 май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамасола таҷлил мешавад. Ташаббуси эълони ин рӯзро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардааст.
Дар охир аз ҷониби варзишгарони ноҳия бози футбол пешкаши ҳозирин карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.