139 боздид

АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

24.07.2024

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма аз телевизионҳои  рӯзномаҳои “Сагдийская правда”,»Ҳақиқат Суғд», «Ризқофарин», «Шуҳрати Ашт»,  “Суғдниюз”,  «Навиди умед», мухбирони ҷамоатӣ, роҳ дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия доир ба бурду бохти ноҳия дар   нимсолаи аввали соли 2024 баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод:

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт нимсолаи аввали соли 2024-ро  бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Аҳли заҳмат иҷрои ҳамаи нишондиҳандаҳои нақшавии рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалро дар шашмоҳаи аввал барзиёд таъмин намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024   дар соҳаи саноат ба маблағи 154,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 39,4 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 134,2% таъмин гардид.

Дар ин давра аз  25  корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 21 ададашон фаъолият намуданд ва 14 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар соҳаи саноат 817,8 тонна намак истихроҷ, 1939,4 тонна нахи пахта, 2732,9 тонна чигит, 60,5 тонна равғани растанӣ, 458,8 тонна кунҷора, 91,0 тонна пахтаи курпабоб,  466,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ,   369,1 ҳазор дона хишти сементӣ, 914,4 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ, 348,0 метри мураббаъ тахтасанг, 46,0 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1192,1 тонна гушт ва каллапоча,  605,0 ҳазор ҷуфт маҳсулоти ҷуробу пайпоқ истеҳсол карда шудааст.

Мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 555385,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи  соли 2023 11037,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 102,0 фоиз баробар мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ  ҳаҷми умумии маҳсулот ба 228615,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи  соли гузашта 6114,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он  баробари 102,7 фоиз мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти  соҳаи  чорводорӣ барбари 326771,0 ҳазор сомонӣ  мебошад ва  аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023  4423,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 101,5 фоиз мебошад.

    Ба санаи ҳисобӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 11261,1 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023  5,1 гектар  зиёд мебошад.  Аз ҷумла дар майдони 1452,2 гектар ғалладонагиҳо,  5980,3 гектар пахта,  125,6 гектар картошка, 58,0 гектар сабзавот, полизиҳо 250,8 гектар ва 3325,1 гектар зироатҳои хӯроки чорво  кишт карда шудааст.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла, меваю сабзавот дар  назди ҶСК «Зардолу компания» 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна, дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 60 тонна,  дар  назди ҶДММ “Рахшона” 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 240 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ва 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 240 тонна дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод фаъолият доранд.

Масъалаи сохтмон ва ободонии маҳалҳо таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия  қарор дошта, ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи сохтмон, ҷалби сарчашмаҳои мухталифи маблағгузорӣ аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ ба соҳа, бунёди иншоотҳои зарурии иҷтимоиву маишӣ ва хизматрасонӣ, тибқи талаботи меъмории муосир ободу зебо гардидани маҳалҳои аҳолинишини ноҳия, имконияту захираҳои мавҷуда равона карда шуда истодааст.

Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар нимсолаи ҳисобӣ ба маблағи  4113,3  ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023  15,7  ҳазор сомонӣ зиёд ва афзоиши он баробари 100,4% мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мақсади пурраву саривақт ба иҷро расонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-феврали соли 2022, таҳти №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, № 305 “Дар  бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Раиси вилояти Суғд  аз 11-феврали соли 2022, таҳти №41 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 04-марти соли 2022, таҳти №77 “Оид ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 11феврали соли 2022, №41 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар давраи сипаришуда бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Дар давоми солҳои 2022-2026 744-адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои солҳои 2022 142 адад,соли 2023 148 ададӣ ва соли 2024 149 адад, дар маҷмуъ 439 адад иншоотҳо  пешбинӣ шудааст.

Дар давоми солҳои 2022 — 2023 ва нимсолаи якуми соли 2024   дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 835 адад иншоотҳои ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии 63895,1 ҳазор сомонӣ бо ташкили 124 ҷойҳои кории нав ба истифода дода шуданд, ки мутаносибан  нисбат  ба  нақшаи  умумии  солҳои  2022 – 2026 112,2 % ва нисбат ба нақшаи соли 2022-2024  190,2% -ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмониву бунёдӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бомаром идома доранд.

 

Дар ҳудуди ноҳия 495,4 км роҳҳо мавҷуд буда, дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт”  94 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 22,3 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 379,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта қарор дошта, аз ҷумла 1,8 км роҳҳо дар тавозуни муассисаи хоҷагию манзилӣ ва 177,3 км роҳҳои байнихоҷагӣ мавҷуд мебошанд.

Дар соли 2024 таъмиру тармими 191,4 км роҳҳо, аз ҷумла 16,4 км таъмири асосӣ, 132,0 км таъмири ҷорӣ ва 43,0 км шағалпушкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳои мазкур аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ  5771,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  310,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 20,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 2000,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 3441,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми нимсолаи якуми  соли 2024 дар ноҳия дар маҷмуъ дар масофаи 83,7 километр роҳҳо  таъмир карда шудааст, аз ҷумла дар масофаи 31,7 километр таъмири асосӣ, 25,0 километр таъмири ҷорӣ ва 27,0 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд. Барои иҷрои корҳо 13453,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 55,0 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби соҳибкорон 4998,0 ҳазор сомонӣ ва  аҳолӣ  8400,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид.

Дар давраи  ҳисобӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” ба маблағи 55,0 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармими роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, дар масофаи 25,0 километр таъмири  ҷории роҳҳо гузаронида  шудааст.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи сокинону соҳибкорон дар масофаи 58,7 километр роҳҳо, аз ҷумла 31,7 километр таъмири асосӣ ва 27,0 километр шағалпуш карда шудааст, ки маблағи умумии он 13398,0 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Дар  давоми нимсолаи якуми соли 2024  218 маротиба мусобиқаву чемпионатҳои ноҳиявӣ ва 97 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур байни ҷавонону наврасон ва бонувон ташкил ва баргузор гардида, 2353  нафар ҷавонони соҳаҳои мухталиф ҷалб гардиданд, ки аз инҳо 394 нафарашонро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 варзишгарони ноҳия дар 51 мусобиқаҳои вилоятиву љумњуриявӣ иштирок намуда,  сазовори 99 медали тилло, 128 медали нуқра ва 192 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар соли ҳисобӣ дар деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Ориён 1 адад майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  ва  дар назди МТМУ №25, деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт як адад толори варзишӣ бо маблағгузории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон банёд ва мариди истифода қарор дода шуд.

 Баъдан, рӯзноманигорон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд:

Мадина Почоева- ҳафтаномаи “Сагдийская правда”

Савол: Огаҳи дорем, ки дар ноҳия бунёди коргоҳҳои ресандагӣ ва ҷӯроббофӣ ҷараён дорад. Коргоҳи мазкур кай ба фаъолият шурӯъ мекунад?

Ҷавоб: Дар Ҷамоати шаҳраки Шодоба бунёд ёфтани корхонаи ҷуроббофӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо маблағи зиёда аз 900 ҳазор доллари амрикоӣ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як моҳ аз қадамҳои ҷиддии соҳибкорони ноҳия мебошад. Бо пурра воридсозии таҷҳизоти муосир ва насби онҳо шароит фароҳам мешавад, ки 150 нафар  бо ҷойи нави корӣ ва маоши хуб таъмин гардад. Аллакай,  аввалин маҳсулот – ҷуробҳо ба таври таҷрибавӣ истеҳсол мешаванд, ки  мутахассисон ба сифати он баҳои мусбат медиҳанд.

Ба хотири таъмини саривақтии корхона бо ашёи хом – ресмон бошад, дар ҳамин мавзеъ ба маблағи  беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ  корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз ба наздикӣ шуруъ мешавад.  Ҳоло таҷҳизотҳои замонавӣ аз давлати Чин ворид гардида, аз ҷониби мутахассисон ҷараёни охирини васл кунӣ идома дорад.

Савол: Аз саҳифаи Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия огаҳи доерм, ки дар ноҳия мумфаршкардани роҳ хеле бо суръати баланд идома дорад, ҳоло чиқадар роҳҳо мумфарш шуд?

Ҷавоб:  “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намудаанд:

“Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон – Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус, Данғара – Гулистон – Кӯлоб, Рӯшон – Хоруғ – Кулма, Хуҷанд – Конибодом ва Хуҷанд – Ашт оғоз мегардад”.( 21 декабри 2021, шаҳри Душанбе).

Роҳи байналмилаии Хуҷанд-Ашт бо меҳрубонии Ҷанобӣ Олӣ пурра бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда мешавад, аммо то оғози кор мо бояд бетарафи зоҳир накарда, барои ободии роҳ саҳмгузор бошем. Ҳоло дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мумфарш кардани роҳ мусобиқа шудааст. То имрӯз наздик 60 километр роҳҳои дохилӣ тариқи ҳашар бо асфати гар мумфарш карда шуд ва ин нишондиҳанда то охири сол аз 100 километр мегузарад.

Кунун мумфаршкунӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Понғоз, Пунук, Ориён, Шодоба, Меҳоробод, Ифтихор ва дигар ҷамоатҳо давом дорад.

Турсунзода Нодир- ҳафтаномаи “Ҳақиқати Суғд”

Савол: Вазъи таъмин кардани оби полезӣ дар ноҳия чи гуна аст?

Ҷавоб: Бо меҳрубонию дилсузии Пешвои муаззами миллат дар ноҳия 82 дастгоҳи обкашӣ бе таваққуф кор карда истодааст. Ҳамзамон бо дастури Ҷаноби Олӣ ва раиси вилоят мо ба Ҷумҳурии бародар Узбекистон борҳо сафар намудем. Мақсад аз сафар яке аз масъалаҳои асосӣ об буд, ки бо муроҷиати мо ҳамаруза 2,5 куб тариқи Канали шимоли фарғона омада истодааст, ки мушкилот ба об надорем.

Савол: Дар шашмоҳаи аввал чанд тон намак аз ҷониби ҶСК “Заводи намаки ноҳияи Ашт” истеҳсол гардид. ба киҳо тааллуқ доштани ин корхонаи асосии саноатии ноҳия маълумоти  амиқ медодед?

Ҷавоб:  ҶСК “Намаки Ашт” яке аз корхонаҳои асосии саноатии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ машғул мебошад.

Бо мақсади ба роҳ мондани содироти намак низ корбарӣ оғоз карда шуда, дар шаш моҳи аввали соли 2024   намаки ошӣ 1795,8 тонна истеҳсол гардидааст.

 

Савол: Вазъи пойгоҳҳои обкашии ноҳияро чӣ гуна бозгӯ менамоед ва таъмини ин коргоҳ ба мутахассисон дар кадом вазъ аст?

Дадабоева Мавҷуда-рузномаи “Ризқофарин»

Савол: Ҳолати аз худ кардани заминҳои нав чи гуна аст?

Ҷавоб: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мебарад. Сол аз сол аз худ кардани заминҳои бекорхобида ҷараён дорад ва махсусан дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ошоба. Дар соли 2024 наздик 200 гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.

Ҳамин тариқ рузноманигорон ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.