19 нафар бо Квотаи Президентӣ ба донишгоҳ дохил шуданд

 1 188 боздид

Соли ҷорӣ 19 нафар хатмкунандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт бо Квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Ҳайдарзода Муяссар иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ аз ин теъдод 10 нафарро духтарон ва 9 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Хотирасон менамоем, ки соли гузашта низ аз ноҳияи Ашт тариқи Квотаи Президентӣ 19 нафар довталабон ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил гардида буданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.