Имрӯз, 5-уми ноябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Конститутсия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, фаъолон иштирок доштанд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида зикр дошт, Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад.
Фирӯза Раҳимӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар баромади худ иброз дошт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи авҷи нооромиҳои даҳаи асри 20-ум, айни бархӯрди тамаддунҳои кишварҳо,низоъҳои берунаву дохила байни тамоми давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, муаррифӣ намуда, маҳз бо шарофати сарнавиштсозашолитарин дастовардро бо номи Истиқлолият тавлид гардонид.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ қайд кард, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар муддати зиёда аз ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб баҳри иштирокдорон пешниҳод карда шуд.