Саршавии баҳор бегумон бо шинонидани ниҳолҳо, тоза кардани гирду атроф ва ободиҳо оғоз мешавад. Қадами он мубораку сабзу тоза аст. Беҳуда баҳорро арӯси сол намегӯянд.
Имрӯз бо иқдоми ҷамоати шаҳраки Шайдон қисми даромади шаҳрак—ду тарафи роҳро бо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ҳашарчиён оро доданд. Беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг ва омӯзгорону хонандагони макотиби маркази ноҳия дастаҷамъона дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат намуданд.
—Бо мақсади сарсабзу зебо намудани ду тарафи роҳи мошингарди даромади шаҳрак 300 адад ниҳол харидорӣ карда шуд,—гуфт раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон Б.Баҳриддинов. –Ба намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф ва фарҳанг ҷиҳати иштироки фаъолонаашон изҳори сипос менамоям.
Тибқи гуфтаҳои раиси ҷамоат ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт.
Эътимод дорем, баъди шинонидани ниҳолҳо масъулин, бахусус шаҳрвандоне, ки дар канори роҳ истиқомат мекунанд, ҷиҳати хушк нашудану сарсабз гаштани ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳ ва ҳамчунин ба тозагии гирду атрофи хонадони худ аҳамияти бештар хоҳанд дод.
Т.МИСРОБӢ