45 нафар соҳиби стипендияи Раиси ноҳия гаштанд

 1 328 боздид

Санаи 1 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои соҳиб шудан ба стипендияи Раиси ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназия озмун баргузор гардид.

Тавре ба мо и.в Мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз баргузории озмун, ин дарёфти хонандагони болаёқа ва ҳавасманд гардонидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки барои дарёфти стипендияи Раиси ноҳия 73 нафар довталаб номзад шуда буданд, ки аз ин теъдод ба 45 нафар муяссар шуд, то соҳиби стипендияи Раиси ноҳия дар соли хониши 2018-2019 гарданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.