Имрӯз, 13-декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо донишҷӯён аз ноҳияи Ашт баргузор гашт.
Дар мулоқот Зариф Мирдадо донишҷӯёнро ба соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба донишҷӯён саодати зиндагӣ таманно кард ва аз ҳар яки онҳо даъват ба амал овард, ки хуб хонанд ва муттахассиси кордон тарбия ёбанд.
Ҳоло аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳҳои олии кишвар 121 нафар номзади илм ва 21 нафар доктору профессорон ба таълим ва тарбияи донишҷӯён машғул мебошанд. Шумораи донишҷӯёни аштӣ дар макотиби олии вилоят 4 ҳазору 525 нафар, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 733 нафар ва дар хориҷ аз кишвар 92 нафарро ташкил медиҳад иброз дошт,-Зариф Мирдадо.
Дар мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия дархосту пешниҳоди худро баён намуданд.
Нишонбой Мадумаров, донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Шарқи ДДХ пешниҳод кард, ки дарсҳои иловагии забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои миёна ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин дар таълими забонҳои хориҷӣ ба хонандагон диққати махсус зоҳир гардад.
Шодмон Нурматов, сардори Клуби волонтиёрони вилояти Суғд ба Зариф Мирдадо барои муттаҳид сохтани донишҷӯёну кадрҳои ҷавон изҳори сипос намуд.
Муҳибҷон Эрбоев пешниҳод кард, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт гуруҳи таблиғотии ҷавонони фаъол ташкил карда шавад ва онҳо баҳри пешгирии ҷавонон аз равияҳои номатлуб мубориза баранд. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки маҳфили муҳаққиқони ҷавонони ноҳия ба роҳ монда шавад.
Донишҷӯён аз роҳбарияти ноҳия ва масъулин талаб карданд, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар соҳаи маориф ва тандурустии ноҳия ба онҳо диққат дода шавад.
Баъди мулоқоти раиси ноҳия бо донишҷӯён моҳи феврали сол ҷорӣ чунин дархосту пешниҳоди донишҷӯён амалӣ карда шуд:
— Хатсайри Кулихоҷа-Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Ин дарҳолест, ки донишҷӯёни ин деҳа аз набудани нақлиёти мусофирбари Кулихоҷа-Хуҷанд ҳангоми рафту омад мушкилӣ доштанд;
-Якчанд донишҷӯ аз оилаҳои камбизоат бо дархосташон бо хобгоҳ таъмин карда шуданд;
-Барои нашри китобҳои олимони ҷавони ноҳия кӯмаки молиявӣ расонида шуд;
-Нархи нақлиёти мусофирбари Ашт-Хуҷанд поён бурда шуд.
Соли ҷорӣ ба 50 нафар донишҷӯён кӯмаки молиявии МИҲД-и ноҳияи Ашт расонида шуда, ҳамзамон ба донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда маводи яквақтинаи ғизоӣ тақдим гардид.
Дар фарҷоми мулоқот барномаи консертии Бахши фарҳанги ноҳия манзури донишҷӯён карда шуд.