50 нафар ғолиби мусобиқа

 769 боздид

Санаҳои 24-25 июли соли равон дар толори варзишии “Меҳровар”-и шаҳраки Шайдон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гуштини тарзи озод байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин бора Зариф Боймуротов, и.в мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дода таъкид дошт дар мусобиқа аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия зиёда 100 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ба 50 нафар варзишгари беҳтарин диплом ва туҳфаҳои хотиравии мактаби варзишии №1-и ноҳия тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ мақсад аз баргузории чунин як мусобиқа, ин ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи варзиш байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.