Санаи 22-уми марти соли равон и.в. раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ зимни сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Пунук, Ашт ва Ориён дар таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷамоатҳои мазкур иштирок намуд.
Нахуст Зариф Мирдадо дар чорабинии идонаи ҷамоати деҳоти Пунук иштирок намуда, сокинони ҷамоатро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва ба онҳо барору муваффақиятро таманно намуд. Зимни баромади худ Зариф Мирдадо афзуд: “Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кина ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хуррамона мебошад. Ҳамин тавр имсол 5696-умин солгарди Наврӯзро ҷашн гирифта истодаем”.
Баъдан ба як қатор фаъолон ва собиқадорони меҳнати ҷамоати деҳоти Пунук сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз тарафи хонандагон ва устодони санъат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.
Дар идома Зариф Мирдадо аз рафти сохтмони бинои муассисаи таълимии №18, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоати деҳоти Пунук ва падару модарон тариқи ҳашар бунёд гардидаистодааст, дидан намуд.
Давоми рӯз и.в. раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар чорабинии Наврӯзии ҷамоати деҳоти Ашт ва Ориён ширкат намуд.