6 нафар Аълочии маориф гардиданд

 1 281 боздид

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Шӯрои директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар он 74 директорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст дар Шӯро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода баромад намуда таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо омӯзгорон ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Натиҷаи хуби омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия буд, ки соли ҷорӣ Шаҳноза Абдуллоева хонандаи синфи 10-уми МТМУ №2 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон аз фанни забони русӣ ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф гардида,  медали нуқра ба даст овард.

Барои ҷалби ҷавонон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳми арзанда гузошта, дар дили ҷавонон ҳисси баланди меҳанпарастиро бедор созанд, то ки ҷавонон содиқона ва софдилона адои хизмати Ватан намоянд,-илова намуд М.Ҳайдарзода.

Дар Шӯро 2 нафар омӯзгор, 2 нафар директор ва 2 нафар корманди шуъбаи маорифи ноҳия бо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.