74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ноҳияи Ашт

 181 боздид

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Ашт бахшида ба 74-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Урунзода Лоиқ сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия  чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғоз барои поси хотири иштирокчиёне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ва Урунзода Лоиқ намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, дар назди пайкараи “Модари маъсум” ва баҳри поси хотири ҷанговарони интернатсиалист дар Афғонистон низ гулчанбари хотиравӣ гузошт.

Урунзода Лоиқ сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд расонид. Дар баромади худ зикр дошт, ки шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Аз вилояти Суғд дар ин набардҳои хунин 76 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои онҳо барои имрӯзиён ҳам дарси шуҷоату мардонагӣ аст. Гиромидошти Рӯзи Fалаба, чун нишони эҳтиром ба далериву ҷоннисориҳои фарзандони кишварҳои мухталиф мебошад, ки оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд. Хотираи неки онҳо ҳамеша дар дилу дидаи мо абадӣ маскан гирифтааст.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади қайд кард, ки Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Маҳз, дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву шуҷоатмандонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд. Бо гузашти солҳо ва хусусан, дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра арзишу аҳамияти 9 май Рӯзи Ғалаба дар байни мардуми олам боло меравад.

Инчунин Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт бо ҳамроҳии Урунзода Лоиқ сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба 11 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд кӯмаки яквақтаини Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияро тақдим намуданд.

Ҳунармандони Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия саҳнаҳоро аз ҳаёти иштирокчиёни ҶБВ дар набардҳои мудҳиш ба ҳозирин намоиш доданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз 11 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия зиндагӣ мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *