80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта шуд

 901 боздид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии театри вилоятии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт 80-солагии ровии нотакрор, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи наоҳияи Ашт мебошад аз тарафи гимназияи №1-и ба номи М. Воҳидов таҷлил карда шуд.
Дар ҷашни 80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва хонандагони гимназияи мазкур иштирок намуданд.
Зимни таҷлили 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов намоиши аксҳои шодравон низ баргузор шуд. Аксҳои ба намоиш гузошташуда, фарогири эҷодиёти марҳум буда, ҳунари баланд ва истеъдоди нотаркори Маҳмудҷон Воҳидовро бозгӯ мекард.

Хонандагони гимназия шеърҳои қироаткардаи Маҳмудҷон Воҳидовро баҳри ҳозирин бо ҳунари зебои ровигӣ пешкаш карданд. Ҳамчунин саҳнаҳои театриро аз фаъолияти Маҳмудҷон Воҳидов ба намоиш гузоштанд.
Маҳмудҷон Воҳидов 10-уми октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Ӯ дар авҷи шуҳратёрияш 12-ноябри соли 1977 дар шаҳри Бағдоди Ироқ вафот кардааст.
Маҳмудҷон Воҳидов — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои тоҷик, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1973). Хатмкардаи ГИТИС — Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва (1960), ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1960-1961) ва Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1961-1977). Маҳорати эҷодии ӯ дар нақшҳои: Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960), Незнамов («Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1962, 1974), Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963), Мотсарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, 1966), Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970), Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, 1971), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1973), Мамет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, 1974), Ясон («Медея»-и Еврипид, 1977) ва ғайра дар театр ва Шариф («Зумрад» 1961), Раҷаб («Ҳасани аробакаш» 1965), Қодиров («Ҷӯра Саркор» 1965), Тӯлод («Достони Рустам» (1971), Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб» 1972), Олим («Асрори гузаргоҳ» 1973) ва ғайра дар кино инъикос гардидааст.
Маҳмудҷон Воҳидов асосгузори театри манзуми як актёр аст ва офаридаҳои ӯ «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969), «Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Хофиз, 1971) шоҳкори санъати тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Маркази матбуотии раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.