90- умин солагии ёдбуди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Хӯҷаназаров Имомназар, дар ноҳияи Ашт

 604 боздид

Имрӯз, 11 май дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, чорабинӣ бахшида ба 90- умин солагии ёдбуди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Хӯҷаназаров Имомназар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Рустамҷон,  шогирд ва меҳмон аз ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусаттор Ғаффоров, собиқ Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ашт Нуруллоева Санавбар, собиқ Раиси ноҳия Абдуллоев Файзулло, раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, фаъолони ноҳияи Ашт, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, ҳамкорон, пайвандон ва хешу ақрабои Хӯҷаназаров Имомназар иштирок доштанд.

Каримзода Рустамҷон муовини Раиси вилояти Суғд, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғдрро ба самъи иштирокдорон расонида, зикр дошт, ки боиси ифтихор аст, ки дар давраи фаъолият Имомназар Хӯҷаназаров барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, ки яке аз ашёи стратегӣ маҳсуб меёбад саҳми босазо гузошта, имрӯзҳо кишоварзони вилоят ин шахси наҷибро “Устоди пахтаи Тоҷикистон” меноманд.

Санавбар Нуруллоева Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ашт, зимни баромади хеш, аз фаъолияти кории ҳамонвақати Имомназар Хӯҷаназаров ёдовар шуда, иброз дошт, “Одамони нек намимиранд, номашон дар ҳаёт мемонад, одамони нек ҳамеша зинда ҳастанд”.

Абдусаттор Ғаффоров меҳмон аз ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, паёми дӯстон, ҳамкорон ва шогирдони ӯзбекистониашонро ба аҳли нишаст ва пайвандони  Имомназар Хӯҷаназаровро расонида аз боз шудани сарҳадҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, “Дар ноҳияи Чуст дар майдони 8 га замини зардолу ташкил намуда будем, ки устод Имомназар Хоҷаназаров аз ноҳияи Ашт ба мо зардолуи навъи “қандак” бурда шинонида буданд, аз ҳамон замон то имрӯз ҳама ин майдони зардолуро бо номи “Имомназар Ота” мешиносанд ва бо роҳи пайвандӣ ин навъи зардолуро зиёд намуда истодаанд”.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт, Имомназар Хӯҷаназаров тамоми ҳастӣ ва умри бобаракати худро барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ва обёрӣ намудани онҳо равона карда, дар солҳои фаъолияташон ҳамчун мудири хоҷагии гӯсфандпарвар, ҷонишини раиси колхоз ва раиси колхози ба номи Калинин пурмаҳсул меҳнат намуда, дар пешрафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ташкили деҳаҳои нави аҳолинишин, азхудкунии заминҳои бекорхобида, сохтмони силсила чоҳҳои амудӣ, баланд бардории истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ, дар бунёди боғоти нав хизматҳои шоён кардаанд.

-Шодравон Имомназар Хӯҷаназаров воқеан фарзанди халқ буд, пайваста бо ғаму шодии мардум шарик, ҳамдаму нафаси мардум буданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ як қатор дӯстон, ҳамкорон, шогирдон ва хешу пайвандони Имоназар Хоҷаназаров, хотираҳои худро баён намуданд.

Дар охир бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ба аҳли нишаст, қисми расмии чорабинӣ ба итмом расид.

Сипас бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Рустамҷон, Абдусаттор Ғаффоров, шогирд ва меҳмон аз ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, собиқ Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ашт Нуруллоева Санавбар, собиқ Раиси ноҳия Абдуллоев Файзулло, раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, фаъолони ноҳияи Ашт ва дар иҳотаи меҳмонону пайвандон ва сокинон дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Ошоба аз рӯйи акси Имомназар Хоҷаназаров пардабардорӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Имомназар Хӯҷаназаров 12 майи соли 1929 дар деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар колхоз кор карда, соли 1950 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

Пас, аз адои хизмати ҳарбӣ аввал мудири хоҷагии гӯсфандпарвар, ҷонишини раиси колхоз ва соли 1958 раиси колхози ба номи Калинин интихоб шудааст. Баробари кори роҳбарӣ ӯ аз истеҳсолот ҷудо нашуда, соҳиби дипломи агрономӣ гардидааст.

Соли аввали раисии ӯ хоҷагӣ ҳамагӣ 380 гектар замин дошт. Бо саъю кӯшиш ва меҳнату кордонии ӯ хоҷагӣ дорои 4,5 ҳазор гектар замин гардид.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи 19 ноябри соли 1992 ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихӣ ҳузур доштанд ва рӯзи 27 ноябр дар оши оштӣ дар Қасри Арбоб ҳамроҳи пирони хирад Маҳмадалиев Миралӣ ва Самадов Абдуғафур иштирок намуда буданд.

28 апрели соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кории навбатӣ ба ноҳия ташриф оварданд. Дар ҷараёни ин сафар Сарвари давлат аз ҷумла, аз вазъи соҳаи кишоварзӣ дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Калинин шинос шуда,ба фаъолияти деҳқонони хоҷагӣ ва роҳбари онҳо Имомназар Хӯҷаназаров баҳои баланд доданд.

Фаъолият ва ҷаҳду талошҳои раис-бобо боиси он шуд, ки ҳазорҳо гектар заминҳои асрҳо бекорхобида тахту ҳамвор шуда, бо оби полезӣ таъмин гардида, ҳосилхез карда шуданд.Маҳалҳои нави аҳолинишин бунёд гардиданд.

13 сентябри соли 2010 риштаи ҳаёти имомназар Хӯҷаназаров дар синни 81 солагӣ канда шуд. Аммо номи нек ва амалҳои хайри ӯ асрҳои аср дар ёди мардум ҷовид хоҳад монд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *