Маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд

 908 боздид

10 январи соли равон дар МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати раиси Зариф Мирдадо маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ашт ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед маърӯза кард.

Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз фаъолияти  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсон шуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.  Ба масъалаҳои зерин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия изҳори нигаронӣ карда шуд:

Ҷамоати шаҳраки Шайдон: иҷро нагардидани таҷдиди се хоҷагии калонҳаҷм, набудани маркази зообойторӣ, зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон, сифати паст ё набудани шиору овезаҳо дар маркази ноҳия, бахусус дар назди Марказҳои тиҷоратӣ, зиёдшавии бекоршавии ақди никоҳ.

Ҷамоати деҳоти Понғоз: аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 11 гектар замин, набудани гармхона дар ҷамоат, таъмирталаб будани муассисаҳои фарҳангӣ, зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ, кам доир гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ.

Ҷамоати деҳоти Ашт: таҷдид нагардидани ду хоҷагии калонҳаҷм, фаъолияти сусти Марказҳои ҳунарҳои дастӣ (танҳо 22 нафар занону духтарон бо кор таъмин шудаанд), зиёд гардидани бемориҳои сироятӣ, суст будани кори бахши идеологии ҷамоат.

Ҷамоати деҳоти Ориён: пешниҳод нагардидани нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ, зиёдшавии ҷудошавии оилаҳо ва ҷинояткорӣ, кам доир гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ.

Ҷамоати деҳоти Меҳробод: аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 111 гектар замин, обод намудани роҳи протоколии ҷамоат, ки дарвозаи ноҳия маҳсуб меёбад.

Ҷамоати деҳоти Шодоба: шудгор нагардидани 658 гектар замин ва ҳамчунин аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 94,4 гектар замин.

Ҷамоати деҳоти Пунук: зиёд шудани бемориҳои сироятӣ.

Ҷамоати деҳоти Ошоба: аз шудгор бозмондани қисми зиёди заминҳо, зиёд гардидани ҳодисаи худкушӣ, таҷдид нагардидани 12 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм, зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон.

Ҷамоати деҳоти Ифтихор: зиёд шудани бекоршавии ақди никоҳ, кам будани марказҳои атласу адрасбофӣ ва маълум набудани шумораи занону духтароне, ки бо ҳунарҳои дастӣ шуғл меварзанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин аз ҳамаи сардорони корхонаву муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилоят, Бобозода,  сардори  Раёсати кишоварзии вилоят иштирок ва суханронӣ намуд.

Ӯ ба аҳли кишоварзони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар амалигардонии рушди устувори соҳаи пахтакорӣ ва таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта дар соли 2017 арзи сипоси раиси вилояти Суғдро расонид ва чанд тан аз пахтакорони муваффақи ноҳия бо Сипосномаи Сарраёсати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.