Аёдати Норӣ Зоирова аз тарафи Роҳбари МИҲД-и ноҳия

 790 боздид

Имрӯз, 02 августи соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт собиқадори меҳнат, Норӣ Зоироваро аёдат намуд.

Роҳбари МИҲД-и ноҳия зимни аёдат аз хизматҳои бонувоне ёдовар шуд, ки дар баробари мардон барои пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми беназир гузоштаанд. Инчунин таъкид дошт, ки имрӯз занон дар баробари мардон дар мақомҳои роҳбарикунандаи идораву ташкилотҳои ноҳия фаъолият менамоянд.

Зимни аёдат Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вазъи саломатӣ ва зиндагии Норӣ Зоирова аз наздик ошно гардида, ба Норӣ Зоирова тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Норӣ Зоирова 1 июли соли 1908 дар Ҷамоати деҳоти Понғоз таваллуд шуда, қисми зиёди ҳаёти худро барои пешбурди хоҷагии халқи ноҳия сарф намудааст.

Мавриди зикр аст, ки Норӣ Зоирова яке аз занҳои дарозумри ноҳия ба шумор меравад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.