АШТ: МАСЪУЛИЯТ—КАЛИДИ РУШДУ ПЕШРАВӢ (Қайдҳо аз маҷлиси фаъолони ноҳия)

 445 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо маҷлиси фаъолон баргузор шуд.
Ширкаткунандагон оид ба мавзӯи ҷаласа: “Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои давраи минбаъдаи сол” баромади муфассали муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилиро шуниданд.
Қайд карда шуд, нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисобӣ 100,3 фоизро ташкил намуд. Аз 10 манбаъҳои даромад нақшаи муқарраргардидаи 8 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ иҷро шудааст. Нақшаи семоҳаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 99,9 дарсад ва нақшаи семоҳаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия 99,5 фисад иҷро шуд. Дар давраи ҳисобӣ аз ҷониби буҷаи вилоятӣ ба маблағи 11 млн.83.ҳ.с. мусоидати молиявӣ ворид шудааст, ки баробари 99,8 фоизи маблағҳои пешбинишуда мебошад.
Дар давраи ҳисобӣ ҳамаи 11 корхонаҳои мавҷуда фаъолият намуданд, ки аз онҳо пешрафти истеҳсолӣ дар ҶДММ “Шириниҳои Дӯстӣ” ва ҶДММ “Озодалӣ” таъмин нагардидааст. Дар ноҳия як коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо иқтидори солонаи 30 ҳ.дона ташкил карда шуд, ки 6 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Ба санаи ҳисобӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 92 гектар ғалладонагиҳо, 138 гектар пахта, 11 гектар сабзавот, 62 гектар картошка, 16 гектар полезиҳо кишт карда шудаанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 73 млн.687 ҳ.сомониро ташкил мекунад (нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 879,4 ҳ.с. зиёд).
Бояд гуфт, дар соли 2020 дар ноҳия бунёди 48 адад иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Тайи се моҳи соли равон дар 7 иншоотҳо корҳои сохтмонию таъмин ва азнавсозӣ, бунёди майдончаи варзишӣ, синфхонаи иловагӣ ва ғайра бо сарфи 1 млн.489 ҳ.с. ба анҷом расонида шуданд.
Дар ноҳия 103 адад ҷинояткориҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш 5 адад зиёд аст. Ҳодисаи номатлуби худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон 8 адад (1 адад зиёд) рӯйи кор омадааст.
Дар маърӯзаи муовини Раиси ноҳия ҳамчунин фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, идораи роҳ, фарҳанг, танзими ҷаншу маросим, бахшҳои ҷавонон ва варзиш, занон, вазъи муроҷиати шаҳрвандон тариқи муфассал бозгӯ шуданд.
Сипас, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо андешаҳояшро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои иловагӣ, аҳамияти бештар зоҳир намудан дар омода намудани ҳисоботи оморӣ баён намуда, аз кам шудани музди маош, камшавии ҳаҷми маҳсулот дар ду коргоҳ, пардохти ҳаққи истифодаи барқ, суръати сусти кишти пахта ва картошка изҳори нигаронӣ кард.
Омода набудани як қатор беморхонаву марказҳои саломатӣ ва пурра муҷаҳҳаз набудан бо оддитарин воситаҳои пешгирикунандаи паҳн шудани бемории коронавирус, тавассути радиои маҳаллии “Диёр” бештар баромад намудан дар ин мавзӯъ, вазъи номусоиди як қатор бозору марказҳои савдо, бонкҳо, қаноатбахш набудани фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати омодагӣ ба пешгирии паҳншавии коронавирус, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ҳамчунин бемориҳои сироятӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ бахусус дар соҳаи маориф—мавзӯъҳое буданд, ки сарвари ноҳия бештар таваҷҷуҳи масъулинро ҷалб намуд.
Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия А.Имомов пешниҳод намуд, ки барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар ноҳия фонди эпидемиологӣ таъсис дода шавад, то барои маблағгузории ин маърака мусоидат намояд. Ҳамчунин хоҳиш карда шуд, онҳое, ки пайвандонашон аз дигар минтақаҳои олам ба ноҳия меоянд, бояд бо аҳли хонавода дар тамос нашаванд. Яъне, ҳамкории мардум бо соҳаи тандурустӣ боз яке аз воситаҳои муҳими пешгирии паҳн шудани ин беморист.
Муовинон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сардорони якчанд соҳаву корхонаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, тандурустӣ, КАТС, МНДСЭ, комиссариати ҳарбӣ, андоз, роҳ ва чанди дигар аз ҷониби Раиси ноҳия ҷиҳати самтҳои фаъолияташон бозпурсӣ карда шудаву оид ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Қайд гардид, ки бемории коронавирус, ки имрӯз пандемия эълон шудааст, бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳама якҷо барои пешгирии паҳншавии он мубориза баранд. Имрӯз ҳарчанд ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо бо вуҷуди ин бояд ҳар нафар масъулу эҳтиёткор бошад. Дар тамоми муассисаву корхонаҳо, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд омодагиҳо ҷиҳати пешгирии он дар сатҳи олӣ бошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 млн. 856 ҳ.800 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Аз ин шумора 114 ҳазору 312 нафар фавтидаву 428 ҳазору 275 нафар шифо ёфтаанд. Зиёда аз 50 ҳазор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Эҳсоси масъулият ва ҳамкориву ҳамдастӣ боиси пешравист. Бо ин се амал метавон ба ҳадафҳо расид.
Дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилоят, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳ.К. иштирок ва баромад намуд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.