Ҷаласаи гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба таҳияи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021 — 2025”

 476 боздид

Рӯзи 06 августи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ҷаласаи гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба таҳияи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021 — 2025” доир гардид.
Кори ҷаласаро Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтисодӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо мақсад ва рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Зуҳриддин Эшматов мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баромад намуда, ҳозиринро бо мақсад, вазифаҳои асосӣ ва тартиби таҳияи барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 шинос намуда, зикр кард, ки барномаи ноҳиявӣ барои солҳои 2021 – 2025 бо назардошти хусусиятҳои маҳал, дар асоси таҳлили ҳолати воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд таҳия гардида, ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, пешрафти ҷомеа, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, нигоҳдории муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия нигаронида мешавад.
Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтисодӣ дар баромади худ зикр дошт, ки дар давоми солҳои 2016-2019 ва шаш моҳи соли 2020 аз миқдори умумии лоиҳаҳо 80 лоиҳа ба маблағи 113,7 млн. сомонӣ пурра иҷро гардидаанд, ки 68,0 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар бахши иқтисодӣ 39 лоиҳа ба маблағи 39,8 млн.сомонӣ, дар бахши иҷтимоӣ 22 лоиҳа ба маблағи 42,9 млн.сомонӣ, дар бахши инфрасохтор 18 лоиҳа ба маблағи 31,0 млн.сомонӣ, дар бахши таъминоти захиравӣ 1 лоиҳа ба маблағи 33,1 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст.
Дар охир Ҷамшед Маҳмудзода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва саривақт иҷро намудани чорабиниҳо барои таҳияи барномаи ноҳиявӣ, дар назди масъулини ноҳия дастуру супориш дод.
Мавриди зикр аст, ки амалигардонии 44 лоиҳа ба маблағи 67,4 млн. сомонӣ оғоз гардидааст, аз он ҷумла 11 лоиҳа ба маблағи 5,6 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 24 лоиҳа ба маблағи 53,0 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 1 лоиҳа ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 5 лоиҳа ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист ва 3 лоиҳа ба маблағи 0,3 млн. сомонӣ ба таъминоти захиравӣ равона карда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.