Имрӯз ба ноҳияи Ашт консули генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Варламов А.Н., роҳбари намояндагии ҳамкорӣ бо Россия (Россотрудничество) дар ш.Хуҷанд Иванов И.С. бо ҳамроҳонашон ташриф оварданд.
Мақсади онҳо дар арафаи 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ табрику аёдат намудани иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини деҳаи Бободархони ҷ.д. Понғоз Абдуқодир Холматов ва аз ҳама хурсандиовараш супоридани медалӣ ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ба ӯ буд.
Медали ҷашниро, ки бо Қарори Президенти Федератсияи Россия аз 13 июни соли 2019 ба тасвиб расидааст, консули генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Варламов А.Н. бо самимияту эҳтироми беандоза ба Абдуқодир Холматов супорид.
Гирди дастархони пур аз нозу неъмати тоҷикона ва дар фазои меҳмондӯстонаи аҳли хонадон суҳбати меҳмонон ва бобои Абдуқодир тасфид. Роҳи ҷангиашро бо эҳсоси баланд ва ашк дар дидаҳо нақл намуд ӯ. Гуфт, агар дар он солҳо дӯстии байни халқҳои собиқ ИҶШС намебуд, ҳеҷ гоҳ ғалаба намекардем, чунки аввалан душмани номард бехабар ба хонаи мо қадам ниҳод. Дуюм, душмани разил аз ҷиҳати яроқу аслиҳа қудратманд ва ҳам ба ҷанг омода буд. Ман ба ҳайси минаҷӯ (сапёр) низ хизмат кардаам. А.Холматов ҳамчунин аз фаъолияти минбаъдааш, яъне фаъолияти баъдиҷангиаш низ ба меҳмонон бо забони русӣ нақл кард.
—Чун сапёр хизмат кардан кори далерон аст,—баъди нақли бобои Абдуқодир гуфт Иванов Иван Сергеевич. –Чунон ки мегӯянд: минаҷӯ як бор хато мекунад. Ин кори хавфнок ва ҳамзамон ифтихоровар аст, чунки минаҷӯ ҳаёти чанд нафари дигарро низ аз хатари захмӣ шудан, таркидан ва ҳатто фавтидан эмин медорад.
Хонандагони лаёқатманди МТМУ №7 ва омӯзгорашон Фотима Расулова бо нутқи пурмуҳтаво ва қироати шеърҳои адибони рус табъи нишастагонро шод карданд.
Консули генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Варламов А.Н. аз вазъи зиндагиву оила, фарзандону пайвандон пурсон шуд ва гуфт, мо, насли имрӯзу фардо дар назди ҷонфидоии ҳар яки шумо—иштирокчиёни ҶБВ сари таъзим фурӯд меорем. Лаҳзаи сар ба таъзим овардани А.Н.Варламов хеле таъсирбахш буд. Бобои Абдуқодир бо суруру шодмонӣ, ашки шодӣ ба дидаҳо даст ба дуо бардошт ва дар ҳаққи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва ҳамчунин сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин таманнои хешро иброз дошт.
Т.МИСРОБӢ