АБДУРАҲИМ ДӮСТМАТОВ: ШУМО, НАҲЗАТИЁН, ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСЕД!

 639 боздид

Имрӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ба доми фиребу дасисаи ватанфурӯшон гирифтор шудани онҳо ба яке аз мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтаву аз падару модарон пайваста зиракии сиёсӣ, бетараф набудан дар ҳаёти фарзандонро талаб мекунад. Насли наврасро мебояд бахусус аз фаъолияти саропо хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ, ки солҳост бо он ҳама кӯшишҳояш ба мурод нарасидааст, аммо бояд иқрор шуд, боиси маргу мири ҳазорон нафару овардани миллионҳо доллар зарари иқтисодӣ гаштааст, огоҳ намуд.

Моро мебояд таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард, дар хотир нигаҳ дорем ва барои насли оянда он ҳодисоту воқеоти нангини солҳои номуродиро то қадри имкон бозгӯ намоем, то ҳар нафар ба қадри имрӯзи осоишта бирасад.

Метавон аз нобасомониҳои солҳои 90-ум ёдовар шуд. Хиёнаткорони наҳзатӣ бо истифода аз бетаҷрибагии давлати навбунёд мехостанд зимоми давлатдориро бо ҳар роҳу восита ба даст оранд. Чун натавонистанд ба мақсадҳояшон ноил шаванд, дасти зӯрӣ боло карданду бо силоҳ кор гирифтанд. Ва натиҷа кушта шудани 150 ҳазор ҳамватанони мо гардид. Чунин амалҳои номардона боз чанд маротиб зуҳур кард, ки охиронаш куштори сайёҳони хориҷӣ буд. Ҳамин амали ноҷавонмардонаи худро низ хостанд ба «Давлати исломӣ» бор кунанду аз об хушк бароянд. Аммо нашуд: асрорашонро сарвари террористон Ҳ.Абдусамадов бозгӯ намуд. Ин ҳаводис бори дигар чеҳраи сиёҳу қалби ифлосашонро бештару бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Бо ин ҳама ин сияҳкорон аз фаъолияти худ намехоҳанд даст кашанд, чун дар назди хоҷагони худ қарздору забонкӯтаҳанд ва он қарздориҳоро метавонанд фақат бо ифротгароию хиёнат ҷуброн намоянд.

Пӯшида нест, ки ин ТТЭ ҲНИ бегумон ва бештар аз ҷониби кишварҳои шиамазҳаб маблағгузорӣ мешаванд. Исботи ҷумлаи охир ва боз андешаҳои дар боло зикршударо мо дар суҳбат бо яке аз сокинони ноҳияи Ашт, собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеаи ш.Шайдон (солҳои 1989-1992) Абдураҳим Дӯстматов дарёфтем. Бояд зикр кард, ки ин нафар бо чанд тан аз ашхоси  соҳибэҳтиром чун Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (се маротиб), Доктор Бурҳониддин Раббонӣ, Сайёр, Гулбиддини Ҳикматёр ва чанди дигар ҳамсуҳбат шудааст.

Биёед, ҳамҷо огоҳ мешавем аз фаъолияту ҳасби ҳоли як нафаре, ки шоҳиди хиёнаткориҳои ТТЭ ҲНИ гаштааст.

 

РОҲ БА АФFОНИСТОН Ё ФИРОР?

—Сабаб чӣ буд, ки наздики панҷ сол мусофиратро пеш гирифтед ва он ҳам ба Афғонистон, ки солҳои зиёд инҷониб мардумаш аз ҷангу дасисаҳои хоинону кӯрдилон азият доштанду доранд? Дар маҷмӯъ раванди ҳаёти муҳоҷирии худро дар Афғонистону Арабистони Саудӣ бозгӯ мекардед?

—Он солҳо (1990-1991) дар донишгоҳи динии ш.Тошканд таҳсил доштам.  Рӯзи қатли фоҷиабори  Нурулло Ҳувайдуллоев хостам дар ҷанозаашон ширкат кунам, аммо нагузоштанд. Баъди фавти он кас аксарият ба ман бо шубҳа нигоҳ мекардагӣ шуданд, тариқи мухталиф як навъ фишор ҳам меоварданд. Ҳамон рӯзҳо (чанд рӯз пеш аз қатли Н.Ҳувайдуллоев)  ман барои бунёди масҷиди ҷомеъ дар маркази ҷамоати деҳоти Понғоз давуғеҷ доштам ва хостам оид ба ин масъала бо Н.Ҳувайдуллоев ҳамсуҳбат шавам. Дидорашон муяссар нагардид, аммо тариқи телефон суҳбат кардем ва он кас маслиҳат доданд саросема нашавем. «Рӯзҳои наздик ба Понғоз меравам, баъд маслиҳат мекунем» гуфтанд. Ҳамин тавр, ман аз пойтахт  ба зодгоҳ баргаштам ва онҳое, ки аз бунёди масҷид огоҳ буданд, тақдири сохтмони онро суол карданд. Гуфтам, ки баъди ду-се рӯз аниқ мешавад. Баъди ду рӯзи ин суолу ҷавобҳо Н.Ҳувайдуллоевро куштанд. Ва гумон мекунам, асоси ин овоза ҳамин посухи ман буд, ки дигаргуна фаҳмидаву шарҳ дода шуд. Рӯзи ба хок супоридани Н.Ҳувайдуллоев маҷбур шудам, зодгоҳамро тарк кунам. Аввал ба ҷониби Ангрен (Ӯзбекистон) роҳ гирифтам. Он ҷо наздики як ҳафта паноҳ бурдам ва сониян ба пойтахт—ш.Душанбе омадам. Он рӯзҳо он ҷо бесарусомонӣ буд. Ва моҳи ноябри соли 1992 мо, 9 нафар  ба вилояти Тахори Афғонистон роҳ пеш гирифтем. Бо фармони Раббонӣ дар Афғонистон Раёсати муҳоҷиринро таъсис доданд ва маро ҳам аъзои ҳайати мазкур таъин карданд. То соли 1994 дар ҳайати ин раёсат барои мардуми муҳоҷир хизмат кардам. Наздики 157 ҳазор муҳоҷирин ин ҷо зиндагӣ мекарданд. Онҳоро дар фурӯдгоҳи Тахор бо ташкили хаймаҳо ҷо карданд. Ҳамин тариқ, мо барои муҳоҷирин либос, хӯрока, маводи мавриди ниёзи аввалро аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон оварда, тақсим мекардем. Он чӣ ба даст меомад, мо аҳли ҳайат ба Раббонӣ ҳисобот медодем. Боре 70 ҳазор маблағи ба дастовардаамон зиёд омад ва ман ба хотири тақсими он ба чанд тани ниёзманд онро барнагардонидам. Ба омири молия Мулло Қосим гуфтам, ки агар ба Абдуғаффор (яке аз саркардагон дар Афғонистон, ки ӯро Танка ҳам мегуфтанд) пул надиҳам, дар бало мемонам. Ҳамин суханҳоям сабаб шуд, ки маро дар кирдорҳое, ки накардам, гунаҳкор карданд. Бо супориши Ризвон Содиров ончунон латтукӯб карданд, ки тасвирношуданист. Аммо бояд гӯям, ки сабаби асосии ин латукӯб асосан аъзо набуданам ба ҲНИ буд.

 

ДУ МАКТУБЕ, КИ БЕҶАВОБ МОНД

Бо амри тақдир зинда мондам ва тасмим гирифтам, соли 1994 ба С.А.Нурӣ мактуб нависам. Дар мактуби аввал хоҳиш кардам, ки маро аввал муҳокима кунанду баъдан ҷазо диҳанд. Дар мактуби дуюмам чунин навиштам:

Ба Раиси Ҳизби наҳзати шайтонӣ Саид Абдуллоҳи Дудӣ… Навиштам, ки шумо, наҳзатиҳо, фитнагарон,  ба мақсади худ намерасед, мароми шумо вайрону валангор кардани Тоҷикистон аст. Аммо ҳеҷ гоҳ ба ин мақсади хиёнаткоронаатон намерасед! Шумо, ҳама беному нишон мешавед. Аммо ман ба Ватан бармегардам ва  агар барои ободии ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ саҳми худро гузошта натавонам, ақаллан баҳри ободии деҳаам, маҳаллаам то қадри имкон хизмат мекунам!

Ҳарду мактуб ҳам беҷавоб монд. Аммо боре вақти рӯ ба рӯ омадан бо С.А.Нурӣ мазмуни мактуби дуюм, суханҳои гуфтаамро ба ӯ бори дигар иброз намудам.  Вақти суҳбати мо Мулло Саъдулло Мирахмедов ҳам ҳузур дошт.

 

АГАР ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СУЛҲ НАМЕОВАРДАНД…

Бояд зикр намоям, ки солҳои дар Афғонистон будан мушоҳида карда будам, ки ҳамаи ҳизбҳои фаъолиятдоштаи ин кишвар байни ҳам мухолифат ва якдигарро чашми дидан надоштанд. Агар ба Тоҷикистон Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ намеовард, бо сарварии Ҳимматзодаву Тӯраҷонзода ва Нуриву Абдуғаффор чор ҳизб таъсис меёфту аҳволи Тоҷикистон аз Афғонистон чанд маротиб баъдтар мегашт.

 

БО МАБЛАF МЕХАРЕМ…

Дар хотир дорам, вақте дар Тошканд, дар масҷиди Кӯкча таҳсил доштам, ба Осиёи Миёна 200 нафар намояндагони дини кишвари Эрон гӯё бо мақсади саёҳат ташриф оварда буданд. 100 нафари онҳо бо роҳбаладии Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ ба Тошканд омада буданд. Боре вақти нишасте бо онҳо суҳбати ду нафарашонро шунидам: Яке гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар ҳанафимазҳабу руҳониёни болаёқату соҳибмаърифат зиёд будааст. Мо метавониста бошем, инҳоро ба мазҳаби шиа бипайвандем? Дигараш ҷавоб дод: Fам нахӯр, инҳо тактикаи ҷангро намедонанд, аксарияташон дасткӯтаҳанду нодор, мо инҳоро бо пул, бо маблағ мехарем! Ва мазҳаби шиаро ҷорӣ мекунему нақшаҳои кашидаамонро амалӣ месозем.

Ин ду нафар огоҳ набуданд, ки ман тоҷикаму ҳарфҳои онҳоро мефаҳмам, маро ӯзбек гумон карданд. Дилам таҳ кашиду сиёҳ шуд.

Аммо ҳамон лаҳзаҳо аз худ қаноатманд будам аз он, ки ба ҲНИ напайвастам.

Баъди чанд муддате  андешаҳои ғаразноку хиёнаткоронаи намояндагони дини Эрон дар ҳаётам собит шуд.

 

ЁРӢ АЗ ЭРОН—АВТОМАТҲОИ КАЛАШНИКОВ

Вақте дар Афғонистон дар ҳайати ёрӣ ба муҳоҷирин фаъолият доштам, шоҳиди ҳодисае шудам, ки маро дар ҳайрат монд. Эрониҳо дар Афғонистон Дафтари «Имдод» кушода буданд ва С.А.Нурӣ бо онҳо рафтуомад дошт. Тавассути автомашинаҳои борбардори калон хӯрокаву пӯшока ва ғайра меоварданд. Боре вақте он борҳоро мефаровардем, қуттии автоматҳои Калашниковро дидам, 200 дона автомат. Ҳамон ҷо гуфтугӯйи ду муллои эронӣ ба хотирам омад. Фаҳмидам, ки эрониҳо на танҳо бо хӯрокаву пӯшокаву маблағ, балки бо яроқ низ «ёрӣ» мекарданд. Ва ин ҳама амалҳо собит кард, ки  ифротгароӣ дар доираи ислом ва бо як мақсад: бунёди давлати «Хилофат» зуҳур мекард.

 

«БО ҲНИ ЯГОН ПАЙВАСТАГӢ НАДОРАМ!»

Ман аз рӯзи аввали таъсиси он вақт ҲНИТ ва ҳоло ТТЭ ҲНИ пайвастагӣ надоштам! Чаро? Дини мубини Ислом ниёз ба ҳизб надорад, бо таъсиси ин ҳизб онро олуда карданд.

Дар хотирам ҳаст, боре, аниқтараш соли М.Кабирӣ бо ҳамроҳонаш ба ноҳия ташриф оварда буд ва наҳзатиён маро вазифадор карданд, ки зери қадамҳояш қолин густурда кунаму бо эҳтиром пешвоз гирам. Аммо ман ин корро накардам ва аз ҳамин боис ҳам маротибаҳои зиёд дашному малол шунидаму таҳти фишор қарор гирифтам, ба қавле рӯям боз «хунук» шуд.

Ҳамин гуна воқеа вақти омадани С.А.Нурӣ  (соли 1999—селфароии д.Даҳана) низ рух дод. Аммо барои пешвозаш нарафтам. Баъзеҳо иддао доранд, ки гӯё барои сохтмони масҷиди Понғоз аз С.А.Нурӣ маблағ гирифтаам ва ин ҳам дурӯғи маҳз аст. Масҷид бо маблағи сахопешагону садоқатмандони мардуми ноҳия ва сокинони ноҳияҳои дигари Тоҷикистон бунёд шудааст.

Наҳзатиҳо дар набуданам ба хонаам ҳам омаданду  чанде аз пайвандону дӯстону аҳли оилаамро иҷборан ба ҳизбашон шомил карданд. Аниқтараш, ҳамсари яке аз ҳизбиёни «фаъол» М.Ҳоҷиматов дар деҳа ба занҳо маҷлис ороста, чанд нафарро аъзои ҳизб намуд. Ин иштибоҳҳои пайвандонро ислоҳ кардам.

 

ОХИРСУХАН

Таҳлилгарон собит кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ аз рӯзи аввали пайдоишаш бо Хадамоти махсуси ҶИЭ ҳамкорӣ дошт. Яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсисгарони ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ин нуктаҳоро бозгӯ намудааст. Мутаассифона, баъди такилоти террористӣ эълон шудани ҲНИ низ марҳалаи нави ҳамкориҳои он бо Хадамоти ҶИЭ ба назар мерасад. Шурӯъ аз соли 2016 то инҷониб пӯшида нест, ки ин хиёнаткорон садҳо ҷавонони тоҷикро бо роҳи фиреб ба ҶИЭ бурда истодаанд ва дар лагерҳои махсус бо таълимоти низомӣ фаро мегиранд.

Ин нуктаҳоро тавассути ВАО, филмҳои мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Зархаридон» бозгӯву расонаӣ шудаанд. Онҳо то ҳол аз фаъолияти зиддимиллӣ даст накашидаанд, бо зӯроварию хиёнат рахна задан ба пойдевори амну осудагии Тоҷикистонро доранду каждумҳои таги бурёро мемонанд, аммо:

Неши каждум на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст!

Аз ин лиҳоз, бетараф набудану ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан муқаддастарин рисолат баҳри пойдории амният дар Тоҷикистон аст!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.