АГАР ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ НАРАВАНД…

 889 боздид

ИМКОН ДАСТ ДИҲАД…

Чанде пеш дар литсейи №2-и шаҳраки Шайдон Академияи илмҳо баргузор шуд. Он ҷо чор нафар хонандагон дар соҳаи журналистика қувваозмоӣ карданд. Мавзӯҳои гуногунро интихоб карда буданд. Аммо байни онҳо хонандаи синфи ҳафти литсейи мазкур Ӯғулой Сафарматова мавзӯеро интихоб карда буд, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб кард: он ҳам бошад, хизмати ҷавондухтарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар. Вақте кори дипломиашро мутоила кардам, ба ҷасорату ватандӯстии як духтари рустоӣ ҳавасам омад. Ҳини ҳимояи кори дипломиаш бо як самимияту меҳри беандоза ба меҳан сухан мегуфт. Аз он, ки Ватан ба ҷавонписарони шуҷоъ ҳамеша ниёз дорад ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бояд барои ҳар нафаре, ки модарашро, зодгоҳашро ва билохир Ватанашро дӯст медорад, ифтихор аст.

Таваҷҷуҳ кунед, хонандагони азизи рӯзнома, ин мавзӯъро хонандаи синфи 7 мавриди таҳлил қарор додааст!

Вақте суол додам, ки чаро ин мавзӯъро интихоб кардааст, гуфт:

—Аз он ки имрӯз гурӯҳе аз ҷавонписарони мо намехоҳанд ва ё баҳонаҳои зиёдеро меоранд, то ба хизмати ҳарбӣ нараванд, бисёр мутаассиф шудам ва қарор кардам, ҳамин мавзӯро баррасӣ намоям. Агар имкон даст диҳад, медонам, ки ҷавондухтарони зиёде ҳам мехоҳанд, ба хизмати ҳарбӣ раванд, барои осоиштагии Тоҷикистони азизамон баробари писарон саҳм гузоранд. Шармам меояд, ки як гурӯҳ писарон ин вазифаи муқаддаси худро нодида мегиранд. Агар ҷавонписарони мо ба хизмати ҳарбӣ нараванд, пас мо ҷавондухтарон омодаем, ки лозим ояд, ба ҷойи онҳо бо дилу ҷон хизмат кунем!

БОРЕ АНДЕШИДАЕД?

Шаҳрвандони азиз, модарони меҳрубон!

Боре андешидаед, ки дар кишварҳои ҷангзадаву ноором зиндагӣ чӣ гуна аст? Боре фикр кардаед, ки тифлони бегуноҳу модарони маҳзун шабҳои шаб аз овози тиру туфанг хоб намераванд. Падарону бародарони хешро солҳои сол намебинанд ва ҳамеша аз хабари марги онҳо меҳаросанд. Эҳсос кардаед, ки орзуи ягонаи онҳо осмони софу дастархони обод, дидори падару писару бародар аст? Барои онҳо сулҳ муқаддастарин калима аст.

Боре андешидаед, ки солҳои наваддуми асри гузашта Тоҷикистони азизи мо ҳам ҷангзада буд ва то имрӯз модарон, ҳамсарон, фарзандон роҳи писару шавҳару падарро интизоранд? То ин замон ҳастанд бедаракшудаҳои ҷанги шаҳрвандӣ.

ИМРӮЗ…

Нафаре, ки ба имрӯзи осоишта, осмони софи меҳан, дастархони обод шукр намегӯяд, фарзанди ҳамин обу хоки Тоҷикистон нест! Аммо бояд дарк намуд, ки барои идома ёфтани ин ободиву осоиштагиҳо хизмати фарзандони мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ногузир аст. Фарзандони худро аз оғӯши худ раҳо кунед, бигузор мустақилиро омӯзанд, тай кардани роҳи пурпечутоби рӯзгорро ёд гиранд, билохир марди ҳақиқӣ шаванд. Эхсос кунанд, ки ояндаи ин Ватан дар дасти онҳост. Дарк намоянд, ки имрӯзи осоиштаи Ватан бо нархи ҷони садҳо ҷавонони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Ана он вақт ба қадри модару падар, зодгоҳ, фарзанд, ҳамсар ва меҳан мерасанд.

МЕДОНЕМ…

Мо медонем, ки барои модар фарзандаш чӣ қадар азиз аст. Аммо аз хотир набояд барорем, ки мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳамеша муқаддасу ҳампаҳлӯву ҳамрадифанд. Модар Ватану Ватан Модари мост! То кай модарон садди роҳи хизмати фарзандони худ мешаванд? Наход имрӯз мо барои ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардани ҷавонписарон дар ба дар шавем? Пурсишҳо бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки як гурӯҳ модарон фарзандони худро намегузоранд, ин қарзи хешро ба сомон расонанд. Ба таърих як назар андозед, модарони азиз! Солҳое буданд, ки модарони мо писаронашонро ба дами тиру туфанг мефиристоданд. Охир имрӯз чунин нест-ку! Мо дар маркази ноҳия ба сар мебарем ва бояд намунаи ибрат бошем. Намунаи ибрат аз ҳар ҷиҳат.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.