АГАР ТАБИБ НАМЕБУД…

 484 боздид

ТАБИБЕ ЗАНГ ЗАД
Дирӯз табибе, ки солҳо дар хизмати мардум буд, содиқона, сидқидилона занг зад, гуфт:
—Таҳмина! Агар ҳамин рӯзҳои сахтии коронавирусӣ пеш намеомад, ҳамин замон аз кор мерафтам…
—Чаро?
—Дилгир шудам…
—Аз кор?
—На! Аз дағалиҳои як зумрае, аз таънаи як гурӯҳе…
Пурсидам:
—Чӣ таъна, чӣ дағалӣ буд, ки табиби мо натавонист паси сар кунад, бо он ҳама қудраташ?
Гуфт:
—Имрӯз нафаре омаду барои маблағҳои супурдааш (ҳарчанд аз рӯйи квитансия буд) ончунон доду фарёд кард, ки… Болои сӯхта намакоб аз ёриҳои моддии рӯзмарра таъна кард. Гуфт: “Орду равғану биринҷ бепул шудааст, барои табибон!” Аламовараш ин буд, ки то ин замон аз он ёриҳои моддӣ заррае баҳравар нашудему ба ниёзмандтарин ашхоси соҳа додем.
Бо он ҳама суханшиносиам натавонистам, ба дарди ин табиб сухане гӯям… Шарм доштам, аз он ки натавонистам, бо як сухане гарм таскинаш диҳам…
Сухане чанд гуфтам, аммо аз хеш қаноатманд нашудам. Гумон мекунам, натавонистам, таскин диҳам дили табиберо, ки дар сафи пеши ин “ҷанг” қарор дорад…
ҲАМА ҲАССОСАНД, НИГАРОНАНД…
Оре, ин замон, имрӯз ҳама ҳассосанд:
**Яке пайвандашро аз даст дода, дигаре бемордорӣ мекунад, сеюмӣ дар гумроҳист. Нигаронанд:
** Фардо чӣ хоҳад шуд?
**Зимистонро чӣ гуна паси сар мекунад?
**Моҳонаашро мегирад ё на?
**Азизаш шифо меёбад ё не?
**Фарзандаш дар дуриҳост ва чӣ ҳол дорад?
**Роҳҳо кушода мешаванд ё на?
**Ин дафъа кӣ қурбонии ин вабои касиф мегардад?
**Меваи боғашро чӣ гуна хушк мекунад?
**Хабаргирии волидонаш равад ё на?
** Кӯдакашро ба оғӯш кай мегирад?
**Муҳаббаташро ба ёраш кай бозгӯ мекунад?
**Ва бозам “оё”-ҳои зиёде!
БОРЕ АНДЕШИДАЕД?
Дар сафи пеши ин ҷанги беамон, ки душман ноаён асту метавонад, аз ҳар тарафе мехоҳад, ҳуҷум кунад, кӣ қарор дорад??? Кӣ шабонарӯзӣ бо ин душмани номард дастбагиребон аст? Кӣ аз баҳри оилаву пайвандонаш баромада, барои солимии миллат мубориза мебарад?
ТАБИБ!
**Оре! Табибе, ки намедонад, пагоҳ аз болинаш (агар хоб карда бошад) сиҳату саломат бармехезад ё не?
**Табибе, ки намедонад, арӯсии духтараш ва домодии писарашро мебинад ё не?
** Табибе, ки намедонад, волидонашро метавонад парасторӣ кунад?
**Табибе, ки намедонад, кай ғолибият ба даст меорад…
Ӯ фақат дар мубориза аст, ноумед нест, намехоҳад мағлуб шавад! Намехоҳад, дигар ҳамдиёронаш, ҳамсояаш, шиносаш, ҳамкораш, пайвандаш ноилоҷу нохоста ба чоҳи ин вабои аср равад!
Ӯ медонад ва эътимод дорад, ки:
**Рӯзе одамон бидуни ниқоб ба кӯча мебароянд.
**Рӯзе модар фарзандашро бо дили пур ба оғӯш мегирад.
**Рӯзе инсон бо инсон чун пештара бо даст ҳолпурсӣ мекунад.
**Рӯзе одамон аз ин рӯзҳои наҳс фақат нақл мекунанд.
**Рӯзе, ки на танҳо бо нигоҳ, балки бо оғӯш изҳори муҳаббат мекунанд.
**Рӯзе, ки инсоният бо умеди хабарҳои хуш сар аз болин мебардорад.
**Рӯзе, ки дигар аз шабакаҳои иҷтимоӣ гӯрҳои селофанпечу бармаҳал кандашударо намебинад.
**Рӯзе, ки даҳони хоинони ватанфурӯхта баста мешавад!
ЁРИИ МОДДӢ???
Ин замон гурӯҳе он қадар майдагапанд, ки… Он ёрии моддие, ки нисбати табибону беморон равона мешавад, боиси баҳси чанд нафарест. Наход ҳамон халтаи орду қадре равғану биринҷе, ки ашхоси босахо аз таҳи дил барои ин диловарону ниёзмандон ҳадя мекунанд, боиси баҳс бошад? Охир, замони ҷанг мардуми ақибгоҳ ҳама буду набудашро ба фронт роҳӣ мекард, аммо касе миннат накарду баҳс ҳам!
Пас, ин ҳама сифлагиву майдагапиву пастиҳо чаро? Имрӯз маром раҳоӣ аз ин вабост! Пас, таваҷҷуҳро ба ин самт равона кардан душвор аст магар? Бобову бибиҳомон мегуфтанд: кам бошаду ғам набошад, ё бо як бурда нони қоқ шикам сер мешавад.
ҚУВВА ДАР МУШТ!
Қувваи панҷаи даст на дар ангуштон, балки дар мушт аст, ки якҷо мешавад.
Қувва дар эътимоду бовариву дасту дили пок аст!
Қувва дар якҷоягиву ваҳдат аст!
Қувва дар поктинативу поквиҷдонист!
Хизмату фидокории табибонро нодида нагиред! Аз дур истодаву аз нигоштаҳои росту дурӯғи нафаре чанд наметавон баҳо дод ба ҷонфидоиҳои табибон.
АГАР…
Имрӯз чӣ қадар табибону ҳамшираҳои тиббии беҳтарин қурбони ин вабо шудаанд: тасаввур мекунед, азияти пайвандони онҳоро, волидону фарзандони онҳоро? Эҳсос мекунед, дарди наздикони онҳоро?
**Агар ин марги бемаҳал онҳоро аз мо намегирифт, боз чандин дардмандон шифо меёфтанд…
**Зинда мебуданд, дар тӯйҳои хонадоршавии фарзандону наздикон ширкат мекарданд…
**Боиси армони фарзандонашон намешуданд…
**Мушкили чандин беморонро осон мекарданд…
**Қатори ҳамтоёнашон солимии миллатро ҳифз мекарданд…
**Билохир, зиндагӣ мекарданд!
ПАС…
Боре тасаввур кардаед, агар ин замон табибон набошанд, ҳоли мо чӣ мешуд????
ПАС, БИЁЕД, АҚАЛЛАН ХАЛАЛ НАРАСОНЕМ, БА ТАБИБОН!
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.