Тибқи нақшаи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ аз санаи 12 то 16-уми июн дар ҳама ҷамоатҳои ноҳия бо сокинон мулоқот доир намуданд.
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилода санаи 16-уми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия мулоқот оростанд.
Дар мулоқот Зинатулло Исмоилзода аз пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сухан гуфта, ҳозиринро ба 20-солагии ҷашни ваҳдати миллӣ таҳният намуд.
Баъдан Ҳабиб Сулаймонӣ шоир ва сармуҳаррири Муассисаи давлатии нашриявии «Ирфон» ва шоираи навраси ноҳияи Ашт Тайиба аз эҷодиёташон шеърҳо қироат карданд.
Дар доираи нақшаи корӣ ҳамчунин бо аҳли эҷоди рӯзномаи минтақавии ноҳия “Шуҳрати Ашт” низ вохӯрӣ доир гардид. Бо ҳамин мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Ашт ба анҷом расид.