Анҷумани 4- уми байналмилалии оҳангарон дар Ашт

 1 155 боздид

Имрӯз, 12 августи соли ҷорӣ, бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт Анҷумани 4- уми байналмилали оҳангарон баргузор гардид.

Дар Анҷумани 4- уми байналмилали оҳангарон Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷуразода Ҷамшед, Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Шарипов, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, оҳангарон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ иброз дошт, ки ба ҳамаи мо зодагони Ашт ифтихори бузург аст, ки гузаштагони моро ба Коваи оҳангар пайванд медонанд. Ин бе сабаб нест. Дар ноҳияи Ашт ҳунари оҳангарӣ ба он дараҷа пеш рафтааст, ки мисли онро дар дигар минтақаҳои кишвар ва берун аз он дида намешавад.

-Дар ноҳия беш аз 40 дӯконҳои оҳангарон фаъолият мебарад, ки дар он 120 нафар мардон фаъолият менамоянд, аз ин теъдод 72 нафарро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд. Ҳоло ба нақша гирифта шудааст, ки оҳангаронро боз ҳам муттаҳид намоем, аз ҷумла дар шаҳраки Дӯстӣ растаи дӯконҳои ҳозиразамони оҳангариро бунёд созем.

Абдуфаттоҳ Абдусатторов оҳангар аз шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни баромади худ қайд кард, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулотҳои истеҳсолнамуди оҳангарони Ашт ба фурӯш меравад, ки ин боиси хурсандии мо сокинони муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Ҷамшед Ҷӯразода ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи оҳангарӣ дар Ашт баромад намуда, зикр дошт, кашф шудани оҳан бо технологияҳои иттилоотӣ баробар аст. Чунон ки технологияҳои иттилоотӣ аз ҷумла, компютер, интернет ҳаёти моро тағйир дод, дар марҳилаи худаш оҳан низ маҳз ҳамин рисолатро иҷро карда буд.

Дар охир аз тарафи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба як қатор собиқадорони соҳаи оҳангарӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯз Ҷамъияти оҳангарони Аштӣ ба 50 нафар оилаи камбизоати Ҷамоати деҳоти Ашт кӯмаки моддӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4 уми июни соли 1877 ташкил гардида, таъсисдиҳандаи он бостоншинос Акрам Аскаров мебошад. Номбурда то соли 1916 сарварии ин ҷамъятро бар уҳда дошт. Мувофиқи навиштаҷоти бостоншиносон дар он давра Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4560 узв дошт.

Ба гуфтаи таърихшинос Бахтовар Темирзод оҳангарони Аштӣ ҳатто шаҳри Оҳангаронро дар Ӯзбекистон ташкил карданд. Маҳсулоти тавлидкардаи оҳангарони Аштро натанҳо дар Тоҷикистон балки дар Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон низ харидорони зиёд дорад. Айни ҳол сарварии Анҷумани оҳангарони Аштро оҳангари номӣ Бахтиёр Абдухалилов ба уҳда дорад.

Тавре масъулин ба мо иттилоъ додан, мақсад аз ташкили Анҷумани 4- уми байналмиллалии оҳангарон дар Ашт ин, шинос намудани ҳунари оҳангарӣ ба ҷаҳониён буда, бо ин роҳ мехоҳем ҳунари аҷдодӣ рушду нумуъ дода шуда, талаботи мардум ва хусусан талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулотҳои оҳангарӣ пурра қонеъ гардонида шавад

Ёдовар мешавем, ки алҳол 6 оилаи оҳангарони Ашт, ки муқими шаҳри Тошкент мебошанд, дар шаҳри Ню Йорки ИМА касби бобоии худро идома дода истодаанд.

Оҳангарони аштӣ бештар ба сохтани дост, каланд, бел, табар, теша, чок, бухорӣ (печка), корд ва дигар асбоби рӯзгор машғул мебошанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.