АШТ: 100 солагии МТМУ 2 ҷашн гирифта шуд.

 119 боздид

25.12.2024

Имруз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 фазои идона танинандоз буд.

Зеро, ба таъсис ёфтани ин боргоҳи илм имрӯз сад сол пур шуд.

Ба ифтихори сазовор истиқбол гардидани 100 солагии МТМУ рауами 2 саҳни мактаб бо парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷотҳо, гулҳои гуногун оро дода шуда буд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи МИҲД вилояти Суғд Дилрабо Фармонӣ, олимон, сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, собиқадорони меҳнат ташриф оварда, наухст аз маҳсулотҳои ба намоишгузошта шинос шуд.

Баъдан, дар фазои пуршукӯҳ аз ҷониби хонандагон машқҳои ҳарбӣ-ватандустӣ нишон дода шуд.

Сипас, чорабинӣ дар толори муассиса идома ёфт. Дар толор фаъолони ҷамоат, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, пешқадамони соҳаи маориф ва дигар шахсони дахлдор ҷамъ омаданд.

Дар оғоз Раис ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 100 солагии муассиса таҳният немуда аз бузургоне, ки дастпарвари ин боргоҳи илм мебошанд номбар намуд.

Баъдан, Дилрабо Фармонӣ-корманди ТВ-Суғд, ки хатмкардаи ҳамин боргоҳ аст  ба сухан баромада ба муносибати ин санаи таърихӣ таҳният намуд.

Дар идома як компютери замонавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Дар фарҷом мудири маориф баромад намуда, в барои ҳузур ба меҳмонон изҳори сипос намуд.

Бо назардошти хизматҳои шоён пешқадамони муассиса бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дастпарварони ин муассиса ҳоло дар тамоми сохторҳо ва соҳаҳои гуногун дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар пеш бурдани хизмати давлатӣ фаъолят доранд.

Барномаи рангини бахши фарҳанг, баромади хонандагон, рақсҳои дилфиреб, сурудҳои фароғатбахш чорабиниро ҳусни хотима бахшид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.