27.08.22
Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ашт чорабинӣ бахшида ба 110-солагии бонуи меҳнат, Ҳамро Тоҳирова дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси Аҷумани милли ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, таърихшинос Бахтовар Темирзода, муаллифи филми “Хоҳарон” Шоира Тоҳирова, рӯзноманигор Моҳлиқо Шарифова ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ширкат намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт зимни баромадаш таъкид намуд:
«Ҳамро Тоҳирова 22-юми августи соли 1912 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар таваллуд ёфта, фаъолияти меҳнатиашонро соли 1935 баъд аз хатми факултети бинокории Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна оғоз намудаанд.
Ҳамро Тоҳирова муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоотҳо дар шаҳри Душанбе мебошанд. Бо тавсия ва иштироки ин бону, биноҳои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд.
Ҳамро Тоҳирова – ягона бинокорзани тоҷик соли 1954 Вазири сохтмони мамлакат интихоб гашта, дар давоми ҳафт соли зери роҳбарии ӯ биноҳои Донишгоҳи аграрӣ, Чойхонаи “Роҳат”, бинои Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, Нерӯгоҳҳои обии барқии “Шаршар”, “Сарбанд”, “Қайроққум”, “Норак”, биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва фурӯдгоҳ, Театри драммавии ба номи Лоҳутӣ, меҳмонхонаи Душанбе, китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Телевизиони Тоҷикистон, бунёд гардидаанд ва беш аз як миллион сокинони мамлакат соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шудаанд.
Фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии Ҳамро Тоҳирова басо рангин буда, ба сифати сарвари соҳибтаҷрибаву рӯзгордида шахсан ташаккул ёфта, дар вазифаҳои давлативу ҷамъиятӣ чун шахси ҳалиму хоксор, хушгапу хушмуомила, маслиҳатгари ҷавонон, модари мушфиқ дар дили ҳамагон маскан ёфта буданд.
Ҳаёт ва сарнавишти ин инсони накӯном чӣ барои насли имрӯз ва чӣ барои насли фардо дарси сабақу пайравист!
Хизматҳои шоёни Ҳамро Тоҳирова ба назар гирифта, бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардида шудааст.
3 маротиба бо ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, 5 маротиба бо гирифтани ордени “Байрақи сурхи меҳнат”, медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ, Кумитаи занҳои иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд.»
Баъдан филми тозанашри мустанад бо ном “Хоҳарон”, ки дар бораи Ҳамро ва Баҳриниссо Тоҳирова бозгӯ мекунад намоиш дода шуд.
Спипас, Нуриддин Қаршибоев баромад намуд:
“Ҳамро Тоҳирова бо хизматҳои шоёни худ собит намуд, ки бонуи тоҷик то чӣ андоза матонати қавӣ дорад. Ин бонуи меҳнат барои рушди ин сарзамини кӯҳанбунёд хизматҳои шоён намудааст. Дар солҳои фаъолият ӯ мақоми занро дар зинаи роҳбарӣ пайваста боло бурд. Бо назардошти хизматҳои шоёни шодравон Ҳамро Тоҳирова Ҳукумати мамлакат пайваста қадр намудааст ва чанд иншоотҳои ҳаётанмуҳимро ба номи ӯ номгузорӣ намуд ”.
Баъдан таърихшинос Бахтовар Теъмирзода дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳамро Тоҳирова ба ҳозирин маъулмотҳои мӯътамад пешниҳод намуд.
Баъдан собиқадорон барои ташкили чунин чорабинӣ ва таваҷҷӯҳ ба ҳаёти бузургон изҳори сипос намуданд.
Раиси ноҳия дар фарҷом баён дошт, ки давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фарзондони меҳнатқарини худро фаромӯш намесозад ва пайваста қадр мекунад. Шӯҳрат Муҳаммадзода дар идома ба таърихшинос Бахтовар Темирзода дастур дод, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бораи хоҳарон, Баҳриниссо ва Ҳамро Тоҳирова дар алоҳидаги китоб рӯи нашр биёрад. Дар гимназияи рақами 7, ки ба номи Ҳамро Тоҳирова дар деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт мебошад, нимпайкараи ин бонуи сохтмончӣ гузошта мешавад. Ҳамзамон барои абадӣ гардонидани номи неки хоҳарон дар зодгоҳашон ду кӯча номгузорӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия