Санаи 11 октябри соли равон маъракаи муҳими сиёсӣ—интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Ҳар нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки барояш ояндаи меҳанаш муҳим мебошад, масъул аст дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат варзад. Бо овоз додан, мо шаҳрванди бомасъулият ва дар ояндаи кишвар бетараф набудани хешро собит менамоем.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт барои дар сатҳи зарурӣ ва муташаккилона гузаронидани интихоботи пешистода 56 участкаҳои интихоботӣ таъсис ёфтааст. Ҷиҳати шиносоӣ бо омодагии участкаҳои интихоботӣ ҷанде пеш аҳли эҷоди рӯзнома ба участкаи интихоботии №15, ки қароргоҳаш дар бинои МТМУ №66 ҷой гирифтааст, ташриф оварданд.
Тавре З.Худойбердиев, раиси участкаи интихоботии №15 иттилоъ дод, дар участкаи интихоботии мазкур аъзоёни комиссия ҷиҳати барӯйихатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, огоҳ намудани интихобкунандагон бо нуктаҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот саъю кӯшиш намуда истодаанд.
1810 нафар сокинони деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз дар рӯйихати интихобкунандагони участкаи болозикр дарҷ шудаву аз ин миқдор 14 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти участкаи мазкур ҳамчунин аз низоми ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани рӯйихати интихобкунандагон огоҳ шудем.
—Омодагиҳо дар сатҳи зарурист,—гуфт З.Худойбердиев. –Айни ҳол танҳо омода намудани хонаи модару кӯдак мондааст, ки метавон гуфт, рӯзҳои наздиктарин ин масъала ҳал мешавад. Эътимод дорем, маъракаи муҳими пешистода бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон ва муташаккилона ҷараён мегирад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои котиби комиссияи ҳавзавии Ашт №35 Н.Маҳкамова шумораи умумии интихобкунандагон дар ноҳия 101 ҳазору 631 нафар буда, аз ин миқдор 1307 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Т.МИСРОБӢ