АШТ: 31-УМИН СОЛГАРДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР НОҲИЯ БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 1 054 боздид

Имрӯз, санаи 22 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода,  муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ — атомии Чернобил, собиқарони меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз, ба таври тантанавӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, суруди миллӣ садо дод.

Нахуст, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли толор ироа намуд:

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромад, афсарону сарбозонро ба ин ҷашни пурифтихори давлатӣ, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт:

Дар идома Раиси ноҳия қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар — Ватан аз ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ  як қатор роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вазъи тантанавӣ бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир барномаи рангини бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба самъи аҳли нишаст, пешкаш гардида таъби ҳозиринро болида намуд.

Фарҷом дар  маҷмааи фарҳангиву фароғатии “30 солагии истиқлол” ба ҳозирин дастурхони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.