АШТ: 75 СОЛАГИИ ШОДРАВОН АЪЗАМҶОН КАРИМОВ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 7 306 боздид

26.08.2022

Имрӯз,  дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинц бахшида ба 75-солагии абармарди меҳнат, Аъзамҷон Каримов дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, собиқадори меҳнат Нодирҷон Солиҷонов, намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” Ҷовиди Аштӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия, фаъолон ва пайвандони  мавсуф ширкат намуданд.

Нахуст дастъовардҳои Аъзамҷон Каримов ва аксу мақолаҳои хотиравӣ ба маъарази тамошо гузошта шуд.

Раиси ноҳияи Ашт зимни баромадаш таъкид намуд:

«Дар давраи фаъолияти меҳнатиашон, Аъзамҷон Каримов худро ҳамчун ҷавони қобилиятнок ва серҳаракат нишон дода, сазовори боварии роҳбарият ва мардум мегарданд ва чунин хислатҳои нотакрорашон ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Ашт интихоб менамоянд, таи чандин сол дар ин вазифа фаъолият мебаранд.

Соли 1980 барои баланд бардоштани дониши сиёсӣ таҳсилро дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд идома дода, баъди хатми он ба кумитаи ҳизби коммунисти вилоят ба вазифаи инструктори шуъбаи саноат ва нақлиёт таъин мегарданд ва соли 1984 боз ба ҳайси муовини раиси комиҷроияи ноҳиявӣ ба ноҳия таъин мегарданд.

Бо назардошти он солҳо дар ноҳия коргоҳҳои истеҳсолӣ ба ғайр аз Кони намак дигар коргоҳе дар ноҳия арзи вуҷуд надошт, барои баланд бардоштани истеҳсолот, зиёд ва бо сифат истеҳсол намудани намаки ошӣ бо хоҳиши худ ба ин коргоҳ ба вазифаи директори корхонаи “Кони намак таъин мегарданд.

Дар  солҳои шадиди бӯҳрони иқтисодӣ, солҳои 1992-1996 бо ҳамкории мутахассисони Украина фабрикаи коркарди намаки оширо аз нав сохтанд ва барои истеҳсоли 12 намуд намак шароити хуб пайдо гардид. Дар ҳудуди коргоҳ ҳавзаи намак истеҳсолкунӣ ба 150 ҳазор метри квадратӣ расонида шуд. Дар давоми се соли бӯҳрони иқтисодӣ коргоҳ тамоми ташкилотҳои дар ноҳия қарор доштаро дастгирӣ намуд.»

Раиси ноҳия арзи сипосу эҳтироми беандозаи хеш ва мардуми ноҳияро ба аҳли оила, фарзандони Аъзамҷон Каримов иброз дошт ва қайд намуд, ки хизматҳои шоёни ин марди меҳнатро давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад.

Спипас, Нодирҷон Солиҷонов, Толиби Озарахш, Саидумрон Саидов, Алиҷон Маҳмудов, Гулбаҳор Маликзода ва дигарон баромад намуда, аз кору пайкори ин марди наҷибу хоксор ёдовар шуданд.  Бояд гуфт, ки мавсуф барои пеш бурдани хоҷагии халқи ноҳия, махсусант “ҶСК  КОНИ  НАМАК” саҳми назаррас дорад.

Баъдан шеъру тарона ва рақсҳои ҷаззоб чорабиниро ҳусни фарҷом бахшид.

Хадамоти матбуотии Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.