АШТ: 78-солагии Рӯзи Ғалаба таҷлил гардид.

 471 боздид

09.05.2023

Имруз, 9 май Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Туйчӣ Эрйигитов, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод  ташриф оварданд.

Маросими гулчанбаргузорӣ барои поси хотири   қаҳрамонони майдони ҳарбу зарб дар солҳои 1941-1945, хоса  Тӯйчӣ Эрйигитов анҷом дода шуд ва кудакони хушбахти замони истиқлол дар васфи ободу озодии Тоҷикистони соҳибистиқлол баромад намуданд.

Дар идома, дар толори калон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳия ба 12 нафар собиқадороне, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани ғалаба фидокорона хизмат намудаанд, дар вазъи мутантан супорида шуд.

Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини Раиси вилоят Анвар Яқубӣ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва фаъолони ноҳия ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди муҷассамаи «Модари маҳзун»  гулчанбар гузоштанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.