АШТ: 84,97 ФОИЗ ТО СОАТИ 18.00 ОВОЗ ДОДАНД

 630 боздид

Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ноҳияи Ашт идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани интихобот дар ноҳияи Ашт 40 ҳавза оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва 56 участкаҳои интихоботӣ ҷиҳати интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаву дар хизмати интихобкунандагон қарор доранд.

Тибқи маълумоти раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Ашт №17 Иброҳимзода Фурқат то соати 12-и нимирӯзӣ  77296 нафар интихобкунандагон овоз доданд, ки ин 76,32 фоизро ташкил медиҳад, Айни замон, яъне соати 18.00 дақиқа бошад,  84,97 фисади интихобкунандагон дар интихобот ширкат намуда, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.

Бояд зикр намуд, тибқи иттилои Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода, ки АМИТ “Ховар” расонаӣ кардааст, то соати 15.00 дар саросари мамлакат 3 млн.703 ҳазору 969 нафар ва ё 75,1 фоизи интихобкунандагон дар интихобот иштирок кардаанд. Ин бозгӯи он аст. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.