АШТ: 90-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ НОҲИЯВИИ “ШӮҲРАТИ АШТ” ҶАШН ГИРИФТА ШУД.

 5 744 боздид

Дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода  дар сатҳи баланд  таҷлил карда шуд.

Дар ин радиф барои таҳният намудани аҳли эҷодии рӯзнома рӯзноманигорони варзида аз қабилӣ Илҳоми Ҷамолиён, Ҷовиди Аштӣ, Карими Шариф, Обидҷон Каримов, Мавзунаи Муҳаммадалӣ,  Мадина Почоева, Гулҷаҳон Турсунзода ва чанде дигар иштирок ва таҳният намуданд.

Ҳамзамон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони рӯзномаи ноҳиявии «Шӯҳрати Ашт», рӯзноманигорон, мухбирони ҷамоатӣ, роҳбарони идораву ташкилотҳо, муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор ҳузур пазируфтанд.

Баъдан, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба мактаби бузурги рӯзномаи “Шӯҳрати Ашт” ва қаламкашони бузургӣ ин мактаб сухан гуфт:

Рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт” 23-юми майи соли 1933 таъсис ёфтааст, ки шумораи аввалинаш бо унвони “Зарбдори Ашт” бо теъдоди 100 нусха дар матбааи “Болшевики Конибодом” ба арзи ҳастӣ омадааст. Рӯзнома шурӯъ аз 9-уми майи соли 1955 бо унвони “Коммунисти Ашт” ва аз соли 1965 бо номи “Шӯҳрати Ашт” чоп мешавад.

Дар чопи шумораҳои аввал ва минбаъдаи рӯзнома саҳми муҳаррир А.Нозиров ва фаъолони он давр бародарон Дилбар ва Фаёзиддин Аҳмадовҳо, Қодир Расулзода, Мухтор Аҳмадов хеле калон аст.

Ин ҷо ба забон овардани номи сармуҳаррирони рӯзнома ҷойиз аст. Инҳо Абдуқоҳир Нозиров, Қурбон Назаров, Умарҷон Раҷабзода, Қодир Расулзода, Раҳимқул Сулаймонов, Ортуқбой Марасулов, Адҳам Шомаҳмудов, Ҳувайдулло Ҷалилов, Қаюм Комилов, Зайлобиддин Шарипов, Солеҳамоҳ Раҳматуллоева, Юнусалӣ Сиддиқов мебошанд, ки дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар рушду такомули рӯзнома саҳми назарраси худро гузоштаанд. Айни ҳол роҳбарии рӯзномаро Мисробӣ Таҳмина ба уҳда дорад, ки дар баробари фаъолияти пурсамар дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии ноҳия нақши арзишманд дорад.

Ҳамзамон, дар ин давра кормандони пурмасъули рӯзнома ба монанди Абдураҳмон Ашӯров, Иброҳим Қодиров, Аҳмадҷон Мамадҷонов, Садриддин Норматов, Рафторҷон Сатторов, Фахриддин Турсунматов, Ҳаким Убайдуллоев, Сулаймон Азимов, Рӯзибой Махсумов, Камолиддин Юлдошев, Тошмуҳаммад Ёрматов, Саидҳасан Саодатдинов, Фарҳод Қурбонов, Ҷуманбой Юлдошев, Муродалӣ Умаралиев, Шарофиддин Раҳмонов, Дилрабо Анорқулова, Лола Машокирова, Обода Назарова, Эшбой Мадаминов, Комил Шокиров, Маҳмудҷон Бобоҷонов ва чанде дигарон дар чопи рӯзнома заҳмат кашидаанд.

Идомадиҳандагони кору пайкори насли калон рӯзноманигорони ҷавон Азиза Шамсиддинова, Ҳаётҷони Одил, Фариза Ҳувайдуллоева, Фарангис Мамадҷонова ва мухбирони фаъоли ҷамоатӣ Рустами Ато, Раҳим Қобилов, Фотима Истамқулова, Шоҳмуҳаммад  Ҳайдарӣ, Ниёзмуҳаммад Иброҳимов, Ином Қучқоров, Гулбаҳор Маликзода ва чанде дигарон мебошанд, ки бо сабку услуби хос дар фазои озоди матбуот ҷойгаҳи намоёнро ишғол намудаанд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода баромад намуда, вобаста ба ҷойгоҳи махсус доштани “Шӯҳрати Ашт” дар тарбияи қаламкашони ҷавону созанда изҳори назар намуд. Баъдан аз ҷониби Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон меҳрномаи махсус ба роҳбарияти рӯзнома супорида шуд.

Сипас, Илҳоми Ҷамолиён — Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни суханронӣ дар пур кардани фазои иттилооти кишвар нақши “Шӯҳрати  Ашт”-ро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”- Ҷовиди Аштӣ, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан”, Мавҷуда Юлдошова баромад намуданд.

Дар фарҷоми сухан  сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт” Мисробӣ Таҳмина барои таваҷҷӯҳ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ноҳияи Ашт ва  барои ташриф ба меҳмонон изҳори сипос намуд.

Дар фарҷом ба қаламкашону пешқадамони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.