Чунин унвон дошт аксияе, ки бо иқдоми бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳияи Ашт дар маркази ноҳия ҷараён гирифт. Маром аз он даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад.
Варақаҳо бо унвонҳои “Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам…”, “Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунем!” ва мазмуни зерин ба ҷавонону наврасон ва падару модарон тақсим карда шуданд: “Ҳифзи Ватан, дастовардҳои Истиқлолият ва сулҳу осоиш вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Беҳтарин ифодаи шукргузор аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри Истиқлолият хизмат намудан ба Ватан аст. Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигаҳ дор ва халқи худро тарк накун!”
Дар варақаҳо ҳамчунин аксҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан, ки дар ноҳия ва берун аз он рисолати муқаддаси худро иҷро мекунанд, ҷой дода шудаанд.
Воқеан, ҷавоне, ки худро фарзанди арзандаи меҳан меҳисобад, модарашро, хоку оби сарзаминашро, мардумони меҳанашро, дастовардҳои Истиқлолиятро, арзишҳои фарҳангии диёрашро қадр мекунад, бегумон барои адои ин вазифаи муқаддас дасту остин бармезанад.
Ҳамзамон аксиячиён ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус варақаҳои иттилоотӣ таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед!” тақсим намуда, таъкид намуданд, ки ҳар нафар бояд ба тозагӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи бештар равона созад.
Дар суҳбатҳо ҳамчунин оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи маҳаллаву хонаву коргоҳ, кӯчаву хиёбонҳо, ҷуйборҳо низ сухан гуфта шуд.
Т.МИСРОБӢ