АШТ: АСФАЛТПӮШ КАРДАНИ РОҲ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПОНҒОЗ ИДОМА ДОРАД

 472 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт чанд рӯз инҷониб бо меҳнати фидокоронаи мардуми заҳматкаши ҷамоат асфалтпӯш кардани роҳи протоколии Шайдон—Понғоз идома дорад.
То имрӯз наздики 7 км роҳи протоколӣ, роҳҳои дохилии Понғози боло ва деҳаи Саро анҷом ёфтанд.
Тибқи иттилои Раиси ҷамоат Бахтиёр Турсунзода дар назар аст, ки дар маҷмӯъ 12 км роҳ асфалтпӯш карда мешавад ва барои амалӣ гардидани ин ҳадаф наздики 4 млн. сомонӣ масраф хоҳад шуд. Дар самти амалӣ гардидани ин иқдоми шоиста саҳми роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ва ҷамоат, соҳибкорону саховатмандон ва мардуми меҳнатдӯсти деҳаҳои Понғоз, Хиштхона, Бободархон ва Саро калон аст.
Тибқи иттилои муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода дар назар аст, чунин иқдом, яъне таъмиру асфалтпӯш кардани роҳ дар ҷамоати шаҳраки Шайдон низ рӯзҳои наздик бо иқдоми соҳибкорон оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тайи се соли охир ҳудуди 13 км роҳҳои маҳаллӣ бо сарфи 2 млн.530 ҳазор сомонӣ мавриди таъмиру тармим қарор гирифтаанд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.