Чанде пеш мо аз иҷроиши дурнамои ҳосили пахта муждаи шодӣ дода будем. Санаи 2-юми декабри соли равон байни 8 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ноҳияи Ашт аввалин шуда, уҳдадории пахтаро низ иҷро намуд.
Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия ба майдони 6212 гектар пахта кишт гардида, тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони Раёсати кишоварзии вилояту ноҳия 9720 тонна дурнамо пешбинӣ шуда буд. Санаи 2 октябр бошад, нақша беш аз 105 дарсад иҷро гардида, аз ҷониби мутахассисони Раёсати кишоварзии вилоят барои ноҳияи Ашт беш аз 4 ҳазор тонна уҳдадорӣ муайян гардид. То имрӯз пахтакорони ноҳия беш аз 14 ҳазору 30 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки зиёда аз 150 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Мо бо сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев суҳбате доштем. Инак, фишурдаи он:
-Муҳтарам Рафторҷон Муҳаммадиев аввалан Шумо ва кулли кишоварзони ноҳия ва тамоми сокинонро ба муносибати сарбаландона иҷро намудани уҳдадории ҳосили пахта таҳният мегӯем.
-Ташаккур.
-Воқеан, байни 8 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят аввалин шудаву саривақт иҷро намудани дурнамо ва уҳдадории ҳосили пахта як дастоварди назаррас аст. Бигӯед, ки кадом омилҳо даст доданд, ки нақша ва уҳдадорӣ саривақт иҷро шавад ва киҳо дар ин маърака пешсаф буданд?
— Дар иҷро намудани ӯҳдадории ҳосили “тиллои сафед” аввалан Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо сафарбаркунии шумораи зиёди ҳашарчиён саҳми назаррас гузоштанд. Бо такя аз нишондиҳандаҳо гуфтан мумкин аст, ки Ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Ифтихор, Пунук ва чанде дигар аз шумораи пешқадамон буданд. Хусусан, хоҷагиҳои деҳқонии ҶДММ “Рахшона” роҳбараш—Шӯҳрат Мамадҷонов, “Суҷҷа” раисаш- Абдулҳақ Муфтоев, “Рамз” сардораш—Нурматҷон Ахмедов, “Сарибоғ” роҳбараш—Ҷӯраев Мадкарим барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кӯшиши зиёд намуданд. Мавриди зикр аст, ки ду нафар механизаторони ҶДММ “Рахшона” Қодиралӣ Юсупов, Намозалӣ Тоҷибоев бо мошинҳои пахтачинӣ беш аз 400 тонна “тиллои сафед” ғун намуданд. Мехоҳам, Ҷамоати деҳоти Ошобаро алоҳида зикр созам, ки аз 3 як ҳиссаи ҳосили пахтаи ноҳияро ҷамъоварӣ менамояд. Чанде пеш аз иҷроиши ҳосили пахта ҷамоати мазкур муждаи зафар дода, беш аз 5 ҳазор тонна “тиллои сафед” ба хирман супорид.
Омили дигаре, ки мавриди назар аст, ин сари вақт кишт кардан, интихоби самараноки навъи пахта (флеш-туркӣ, делтапай 5111-амрикоӣ, хитойӣ), риояи пайвастаи қойидаҳои агротехникӣ ва бо дастгирии МИҲД ноҳия дар ҷодаи сафарбаркунӣ моро дар байни дигар шаҳру ноҳияҳои дигар музаффар гардонд. Бояд гуфт, ҷараёни ғунучини пахта аз ибтидои мавсим таҳти назорати ҳамарӯзаи Раиси ноҳия Зариф Мирдадо қарор дошт, ки ин албатта, ба равнақи кор мусоидат намуд.
-Дар ҷодаи сафарбаркунии ҳашарчиён кадом корхонаю ташкилотҳо пешқадам буданд?
-Агар ташкили хуби сафарбаркунии ҳашарчиён аз ҷониби масъулини МИҲД ноҳия ба роҳ монда намешуд, ба ин гуна дастоварди муҳим ноил намегаштем. Ҷоизи зикр аст, ки дар ҷамъоварии ҳосили пахта ҳашарчиёни соҳаи маориф ва тандурустӣ саҳми назаррас гузоштанд. ҳамзамон қариб ҳамаи корхонаю ташкилотҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳо дар маъракаи ғунучини пахта бетараф набуданд ва то қадри имкон дар ин маъракаи муҳим ширкат намуданд.
-Кор бе мушкилӣ намешавад. Дар раванди парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили он чӣ гуна мушкилиҳо ба миён омаданд?
— Албатта, имсол номусоидии обу ҳаво моро азият дод. Боронҳои пайваста дар оғози фасли баҳор ба майдони 800 гектар пахта талафоти ҷиддӣ расонид ва онро дубора кишт намудем. ҳамзамон норасоии оби полезӣ дар вақти гармо аз “канали шимоли Фарғона“, гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ба деҳқон мушкилиҳои зиёд пеш овард. Новобаста аз ин мушкилӣ ва норасоӣ мо тавонистем бо дастгирии аҳли меҳнат ба ҳадафи худ ноил шуда, нақша ва уҳдадориро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро кунем.
-Ташаккур барои суҳбат.