АШТ: АЁДАТИ НАВРАСОНИ ХОНА-ИНТЕРНАТ ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ РУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КУДАКОН.

 623 боздид

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, махсусан тарбиятгирандагони хонаинтернат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба Муассисаҳои давлатии “Интернати наздимактабии рақами 1 ва 2-и ноҳияи Ашт” рафта, дар арафаи таҷлили рузи байналмиллалии ҳифзи кудакон бошандагони муассисаҳоро аёдат намуданд.

Мирзоқосим Каримзода – табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмазодаро ба бошандагони муассиса расонида, қайд кард, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиндагии бошандагони хона-интернатҳо шароити заруриро фароҳам овардааст.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ ва аёдати бошандагони хона-интернатҳо, ятимону маъюбон ва табақаи осебпазири аҳолӣ ёдовар шуда, онҳоро ба муносибати фарорасии рӯзи байналмиллалии ҳифзи кудакон таҳният намуд.

Ба бошандагони интернатҳо дастархони идона ороста шуд ва онҳо барномаи фарҳангии ҷолиби худро тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.