АШТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ ШУД.

 837 боздид

08.01.2024

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовини  Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷамъбастии соли 2023 баргузор гардид.

    Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони расонаҳои хабарӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Нахуст, «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал пешниҳод намуд:

 

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мақсади пурраву саривақт ба иҷро расонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сазовор  ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 корҳои назаррасро ба сомон расонид.

 Дар давоми солҳои 2022-2026 744-адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми соли 2022 ва соли 2023   дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия беш аз 745 адад иншоотҳои ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии беш аз 51 миллиону 278 ҳазор сомонӣ бо ташкили зиёда аз 110 ҷойҳои кории нав ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи соли 2022-2023  беш аз 256,9% -ро ташкил медиҳад.”

 

      Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия аз ҷараёни кор дар самтҳои андоз, ташкил корхонаҳои саноъатӣ, таъмини сокинон бо ҷойи нави корӣ, рушд додани соҳибкорони хурду бузург, ҷамъовари саривақтии ҳосили пахта  ва дигар масъалаҳо пурсон шуд.

 

      Роҳбари ноҳия оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан гуфт.

 

      

Дар фарҷом  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баромад намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар соҳаҳои мухталиф дастуру супоришҳо дод.

 

 Муовини Раиси вилоят, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, прокурори ноҳия Каримзода Тоҷиддин бо таҳлилҳои амиқ барои пешравии кор вобаста ба самти иқтисод, андоз, пардохти нафақа, маориф, кишоварзӣ, хоса чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, захираи хошоки дурушт, истеҳсоли пашм, гӯшт, кишти такрорӣ, пардохти саривақтии қувваи барқ, рушди соҳаи театр ва дигар намуди маҳсулотҳо дастури мушаххас дод.

Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда супоришҳои мушаххас гузошт.

Сипас, дар Маҷмааи фарҳангӣ- фароғатии “30-солагии Истиқлол” барои фаъолон барои меҳнати содиқона ба Ватан дастурхони идона ороста шуд. Тибқи қарори Раиси ноҳия дар оғози сол озмуньои ноьиявц аз р=йи 12 номг=й бахшида ба жамъбасти соли 2023 дар радифи тажлили жашни 35-солагии Истиылоли давлатии Жумьурии Тожикистон эълон карда шуда буд.

1.   Жамоати беьтарин;

2.   Деьа ва маьаллаи беьтарин;

3.   Хона ва оилаи беьтарин;

4.   Сабти навори беьтарини сайёьц;

5.   Муассисаи фарьангии беьтарин;

6.   Табиби соли беьтарин;

7.   Кишоварзи беьтарин;

8.   Варзишгари беьтарин;

9.   Соьибкори беьтарин;

10. Нозири минтаыавии беьтарин;

11.Мутахассиси соли беьтарин;

12.Адиби беьтарин

Бо иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовини  Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба ғолибон Диплом ва мукофтопулӣ супорида шуд.

Барномаҳои рангини ҳунарии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фарҷомбахши чорабинӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.