АШТ: АЗ СОХМОНИ КОРХОНАИ САНОАТӢ БОЗДИД ҶАРАЁН ГИРИФТ

 2 789 боздид

Имрӯз, 15.07.2022 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  ва  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиситон Баҳриддин Зиёӣ аз ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии ҷӯробофӣ  дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Коргоҳи мазкур дар ҳамшафати роҳи “Ғафров-Қаҳрамон-Пунгон” бунёд гардида, алакай корҳои таҳкурсигузорӣ оғоз шудааст. Зимни боздид роҳбари ноҳия баён дошт, ки пас аз ба истифода додани коргоҳ 200 нафар бонувон аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар 3 баст ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд. Сарвари ноҳия ба сохмончиён дарстур дод, ки сифати сохтмон ва бехатрии кормандон ба мадди аввал гузошта шавад.

Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Баҳриддин Зиёӣ   аз фаъолияти Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ воқеъ  дар Ҷамоати деҳоти Ориён боздиди корӣ ба амал оварданд. Меҳмонон аз маҳсули меҳнатии хонандагони литсей шинос гардида, бо кормандон сӯҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқот Раиси ноҳия ба масъулин гуфт, ки такя ба низоми  иқтисоди бозоргонӣ касбҳои замони муосири бозоргир, аз ҷумла IT-технология, оҳангарӣ, муҳосибӣ ва чанде дигарро рушд додан лозим аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар маркази таҳсилоти мазкур курси кутоҳмудати дӯзандагӣ ба роҳ монад шуда, 7 нафар ба дӯзандагӣ машғул мебошанд. Аз фаъоляти ин курс Роҳбари ноҳия ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд. Дар мулоқот бо дӯзандаҳо Шӯҳрат Муҳаммадзода таъкид намуд:

Имрӯз фурсати он фаро  расидааст, ки бозори дохилиро бо маҳслуоти худӣ таъмин намоем. Барои рушд додани соҳаи дӯзандагӣ дар ноҳия тамоми имкониятҳои иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.  Бояд маҳсулоти дохилӣ нархи паст ва сифати баланд дошта бошад ва аз рӯи талабот намунаи маҳсули меҳнат ба маърази тамоши гузошта шавад.

Маврид ба зирк аст, ки бинои листейи мазкр 1967 ба фаъолият оғоз намуда 65 нафар кор мекунанд, ҳоло ба азнавсозӣ ниёз дорад. Дар маркази мазкур 250 нафар хонандагон ҳамасола ба таҳсил фаро гирифта, дар мудати як сол хатм менамоянд. Бояд гуфт, ки дар литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ аз руйи   ҳунарҳои челонгарӣ, трактрист-машинисти истеҳсоли кишоварзӣ, барқчӣ, дӯзандагӣ, компуютер ва интерниет техналогия, рангуборчӣ ба хонандагон омӯзонида мешавад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.