Ашт. Ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд

 1 332 боздид

8 июни соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва дар ваъияти ногувор қарор доштани бинои кунунӣ бунёд мешавад, тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат аст. Бино дорои синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, гармхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаш ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва пудратчӣ ҶДММ “Парвина”мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳалли сохтмони бинои таълимӣ бо сокинони ноҳия суҳбат намуда, таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се соли оянда ҳолати муаасисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардида, ба ҷойи биноҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, биноҳои наву замонавӣ бунёд мегардад. Амалисозии иқдоми мазкур бешак ба рушди бештари соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард. Дар навбати худ хонандагони мактабҳоро зарур аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда барои рушди мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.