АШТ: БА ХОРИҶИ КИШВАР 3078 ТОННА МЕВАИ ТАР СОДИРОТ ШУД

 720 боздид

Ашт макони меваҳои шаҳррез аст. Имрӯз деҳқонони зардолупарвари ноҳия дар айни ҷӯшу хурӯши ғунучини ин мева ҳастанд.
То санаи 24 июн аз ноҳияи Ашт 3078 тонна меваи тар, аз ин миқдор 2726 тонна зардолу, 314 тонна гелосу олу, 17 тонна себ ва 21 тонна хуч (шиповник) ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Тибқи иттилои муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода меваи тар асосан тавассути ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ба Федератсияи Россия содирот карда шудааст. Нархи хариди мева барои содирот аз деҳқонон вобаста ба сифат чунин аст: зардолу аз 1,5 то 3 сомонӣ ва гелос аз 10 то 25 сомонӣ.
Ба бозорҳои дохилии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти боркаши хурд ҳар то 20 тонна дастрас шуда истодааст. Агар ба рақамҳо рӯ оварем, то имрӯз 602 тонна тонна меваи тар, аз ҷумла, 549 тонна зардолу ва 53 тонна гелос барои таъмини бозорҳои кишварамон ба фурӯш рафтааст.
Аз ҷониби ширкати “Оби зулол” барои коркард ва истеҳсоли афшураи зардолу зиёда аз 22 тонна мева харидорӣ шудаву то анҷоми мавсим ширкати мазкур тасмим гирифтааст аз ноҳия боз меваҳои гуногуни тар харидорӣ намояд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.