АШТ: Баргузории даври ноҳиявии озмунҳои “Ҳафт сину ҳафт шин” ва “Маликаи Наврӯзӣ”

 299 боздид

Дар асоси нақша чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба тажлили Наврӯзи байналмилал ва иҷрои фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 16 – уми феврали соли равон, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдодҳои шахсият, баланд бардоштани дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон, ҳавасманд намудани наврасони ҳунарманд, вусъат додани нерӯи эҷодӣ, тарбияи завқи маънавии кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ, тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои миллии санъати тоҷик санаи 16 – уми марти соли 2022, дар муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” даври ноҳиявии озмунҳои “Ҳафт сину ҳафт шин” ва “Маликаи Наврӯзӣ” баргузор гардид.
Дар озмун муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоӣ – фарҳангӣ Ҷалилӣ Аниса, мудирони шуъбаву бахшҳои самти идеологӣ, сарварон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва волидайни хонандагон ширкат варзиданд.
Инчунин дар озмун аз 30 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Дар даромадҳои театр ороиши беҳтарин дастархони Наврӯзӣ “Ҳафт сину ҳафт шин” аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ороста шуда, аз жониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.
Озмуни “Ҳафт сину ҳафт шин” аз рӯи 3 шарт гузаронида шуд:
1. Додани маълумот оид ба маҳфуми “Ҳафт сину ҳафт шин” дар алоҳидагӣ.
2. Ороиши беҳтарин дастархони Наврӯзӣ дар шакли “Ҳафт сину ҳафт шин”.
3. Суманак беҳтарин таоми Наврӯзӣ, ( Чӣ гуна суманакро омода мекунанд, тарзи дуруст тайёр кардани суманак).
Озмуни “Маликаи Наврӯзӣ” аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд:
1. Баҳодиҳӣ аз рӯи ҳусни зебо, қади расо, гесӯи дароз, пироҳани мувофиқ ва шинам, ки тарзи дӯхти муосир дошта бошад.
2. Қиротаи шеър дар васфи “Наврӯз” (шарҳи ҷашни Наврӯз бо назм).
3. Истеъдоди ман (Кадбонуи беҳтарин, тарроҳ – дӯзанда, навозанда, сароянда, варзишгар ва додандаи забон).
4. Намуди рақсҳои аҷдодӣ (Бадахшонӣ, Суғду Хатлонӣ ва дигар наумди рақсҳои муосиру замонавӣ).
5. Базми гулҳо (байтбарак, тарона ва ғазалу рубоиҳо дар васфи Наврӯз).
Натиҷаи озмунҳо чунин аст:
Дар озмуни “Ҳафт сину ҳафт шин”:
Ҷойи якум Ибрагимова Манижа аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65.
Ҷойи дуюм Илҳомова Шарора аз Литсейи №2.
Ҷойи дуюм Ҳакимова Ҳафиза аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17.
Ҷойи сеюм Ғаниева Ҳадия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2.
Ҷойи сеюм Мирзоалиева Мадина аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50.
Ҷойи сеюм Амонқулова Гулзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 сазовор гардиданд.
Дар озмуни “Маликаи Наврӯзӣ”:
Ҷойи якум Қодирова Марҷона Литсейи №2.
Ҷойи дуюм Рӯзиева Мубина аз Гимназияи №5.
Ҷойи дуюм Юлдошева Маҳина аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30.
Ҷойи сеюм Ҳомидова Маҳҷабин аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18.
Ҷойи сеюм Ортиқова Сабина аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17.
Ҷойи сеюм Турсунова Севинч аз Гимназияи №6.
Дар охир ғолибон ба даври вилоятии озмунҳо роҳхат пайдо намуда, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.