АШТ: Баргузории ҷаласаи корӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ

 329 боздид

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нимаи дуюми рӯзи 2 августи соли равон дар бошишгоҳи саҳроии Ҷамоати деҳоти Ошоба таҳти сарпарастии Раиси ноҳияи Мирдадо Зариф ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Ашт – кимиё, Ҷамоати деҳоти Ошоба ва зиёда аз 40 нафар роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоат ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи корӣ иҷрои қоидаҳои агротехникӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, дар муҳлатҳои оптималӣ додани обу ғизоҳои минералӣ, гузаронидани коргарди байниқаторӣ ва ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон мебошад.
Зимни ҷаласаи корӣ оид ба инкишоф ва нашъунамои пахта сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадиев Рафторҷон гузориши муфассал дод.
Баъдан оид ба таъмини мунтазами хоҷагиҳои пахтакор бо оби полезӣ ҳисоботи сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Воҳидов Иброҳим шунида шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҳамаи дархосту пешниҳодҳои роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоати деҳоти Ошоба шунида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.