Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нимаи дуюми имрӯз, 14 июли соли 2021, дар Конфронстолори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» нишасти матбуотии Раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ширкат варзиданд.
Нахуст Раиси ноҳия Зариф Мирдадо барои хабарнигорон оид ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия давоми нимсолаи якуми 2021 ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷударо барои тахмини пурраи вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат, дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Сарвари кишвар, барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, баҳри густариши минбаъдаи корҳои ободкориву созандагӣ, таъмини рушди устувору босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддасу бузургӣ миллӣ чораву тадбирҳои саривақтиро амалӣ намуд.
Дар охир рўзноманигорон вобаста ба раванди корҳои ободонӣ, омодагиҳо ба пешвози 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, вазъи хизматрасонии оби нӯшокӣ ва полезӣ, вазъи эпидемиологӣ, нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал, иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ, иҷрои нақшаи буҷет, қонуншиканиҳо дар самти гузаронидани маъракаҳо, содиршавии ҷиноятҳо байни ноболиғон, таъмири роҳи Хуҷанд – Ашт, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ ва ғайраҳо ба Раиси ноҳия саволҳои хешро ироа намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Инчунин аз ҷониби хабарнигори мустақил Мутриба Туйчизода тариқи почтаи электронӣ ду савол пешниҳод гардида, ба саволҳои додашуда посух ирсол карда шуд.