АШТ: Баргузории тамрин бо қувва ва воситаҳои ноҳияи мудофиаи ҳудудии №7

 403 боздид

Дар асоси иҷозати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соати 4-и субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки аъзоёни ситоди ноҳияи мудофиаи ҳудудии №7 ва зиёда аз 1550 нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта тамрин бо қувва ва воситаҳои ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ доир шуд.
Раиси ноҳия, сардори ноҳияи мудофиаи ҳудудии №7 Мирдадо Зариф зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани донишу малакаи ҷангии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомӣ дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.
Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.
Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як шаҳрванд ҳушёрии касбӣ ва зиракиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон содиқона ва эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.
Роҳбарияти ноҳия ҳамзамон иштирокчиёнро ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик карда, ба онҳо саодати рўзгор, саломатии бардавом, барору комгорӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.