Ашт: Бартарафкунии оқибатҳои сел дар ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Ашт ва Пунук

 522 боздид

Шаби 6 майи соли 2021, бар асари боришоти пай дар пайи борон ва аз меъёр баланд шудани сатҳи оби Ғудос-сойи Ҷамоати деҳоти Ошоба, Ашт-сойи Ҷамоати деҳоти Ашт ва Пунук-сойи Ҷамоати деҳоти Пунук зиёда аз 10км роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта ва 10 кӯпрук қисман зарар дида, 18 таҳхона ва 32 ҳавлии хонаводаҳо лойқа ва шағалпӯш гаштааст.
Субҳи имруз, санаи 7 майи соли равон, таҳти роҳбарии Раиси ноҳия дар ҷойҳои зарардида ситоди фаврӣ ташкил карда шуда, техникаҳои лозима барои бартараф намудани оқибатҳои сел сафарбар гардиданд.
Дар натиҷа бегоҳии ҳамин рӯз барои бемамоният рафту омади сокинони минтақаҳо ва нақлиётҳо роҳи муваққатии алтернативӣ кушода шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ва босифат бартараф намудани оқибатҳои сел дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.