АШТ: БО ТАШАББУСИ РАИСИ НОҲИЯ РОҲҲОИ МОШИНГАРД ЧАРОҒОН МЕШАВАД

 3 871 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ташаббус намуда, маркази маъмурии ноҳияро бо сутунҳои равшанидиҳии муосир чароғон намуд. Дар пайи ин ибтикор симои ноҳия таровати дигар гирифт.

Дар идомаи иқдомҳои ободкоронаи роҳбари ноҳия сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт низ дар деҳаи Дӯстӣ ба канори роҳи Хуҷанд-Ашт сутунҳои равашанидиҳии замонаӣ насб карданд, ки дар ҷараёни ҷойгузорӣ сарвари ноҳия ширкат намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъулон дастур дод, ки ҳолати бехатарӣ ҳаракат дар роҳ ва барқ ҷиддан риоя карда шавад.
Ба роҳбари ноҳия гуфта шуд, ки то охири моҳ шумораи сутунҳои равашандиҳанда ба 30 адад расонида мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.