АШТ: БО ТАШАББУСИ РАИСИ НОҲИЯ “ШӮРОИ МУРОСО” ТАЪСИС ДОДА ШУД.

 8 106 боздид

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт “Шӯрои муросо” бори аввал бо иқдоми Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода фаъолияти худро оғоз намуд.

Ҳадаф аз таъсиси «Шӯрои муросо» пешгирии пошхӯрии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ ва ҳодисаҳои ба ин наздик, аз байн бурдани пӯшидани либосҳоии бегона ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси ноҳия таҳти раёсати Аниса Ҷалилӣ — муовини Раиси ноҳия, мудири бахшҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони бархе аз идораву ташкилотҳо, имом-хатибони масҷидҳои ноҳия, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Шӯрои занони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия “Шӯрои муросо” баргузор карда шуд.

Дар Шӯро 21 адад масъалаҳои оилавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, як қатор оилаҳои ноустувор ба муросо ва эътидол оварда шуд.
Аз ҷониби аъзоёни Шӯро баҳри ба муросо овардани оилаҳо, андешидани чораҳо ҷиҳати бе парастор намондани фарзандон, тарбияи онҳо, пешбарӣ намудани занону ҷавонони лаёқатманд ба касбомӯзӣ ва дар қалбҳои онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, таълиму тарбия,одоби оиладорӣ тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон Шӯрои занони ҷамоатҳо вазифадор карда шуданд, ки моҳе ду маротиба бо мақсади фаҳмонидани маърифати оиладорӣ, маслиҳатҳо ба занон, ҷавонон инчунин гузаронидани суҳбатҳои тарбиявӣ байни оилаҳои ноустувор ба роҳ монда шавад.
Шӯрои муросо фаъолияти худро санаи 1-уми моҳи март идома медиҳад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.